Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимзода Р.Ҳ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№32

 

 

 

 

РАҲИМЗОДА Рамазон Ҳамро

 

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 25 апрели соли 1960       Ҷои таваллуд ноҳияи Ховалинг                           

Миллат     тоҷик                            Маълумот              олӣ        

соли 1982 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон,

соли 1995 Мактаби олии Тошкенти ВКД ИРСС-ро хатм кардааст.

Ихтисос    муҳандис, ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Рутба соли 2011-Генерал-лейтенанти милитсия, генерал-полковники милитсия (2017)

Кадом забонҳои хориҷиро медонад       русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не                 нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 1998 «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон», соли 1999 «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005 ордени Спитамен дараҷаи II, соли 2013 ордени Зарринтоҷ дараҷаи II

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1977-1982

Донишҷӯи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

Солҳои 1983-1989

Инспектор, ваколатдори фаврӣ, ваколатдори фаврии калони шӯъбаи мубориза бар зидди ғорати моликияти сотсиалистии ШКД-и кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Ленинград

Солҳои 1990-1992

Сардор, ваколатдори фаврии калон, сардори зершӯъбаи мубориза бар зидди ғорати моликияти сотсиалистии ШКД-и кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Данғара

03-07 соли 1992

Муовини сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД-и вилояти Кӯлоб, шаҳри Кӯлоб

Солҳои 1992-1994

Сардори ШКД-и ноҳияи Данғара

Солҳои 1994-1995

Сардори ШКД-и ноҳияи Ховалинг

03-05 соли 1995

Сардори ШКД-и шаҳри Норак

Солҳои 1995-2001

Муовини сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2004

Намояндаи ваколатдори ҶТ дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва

Солҳои 2004-2005

Муовини аввали директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва

Солҳои 2005-2007

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2008

Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии   Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе  

Солҳои 2008-2009

Мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2012

Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2013

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2013-2020

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520