Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Амонзода Ш.Ш.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Амонзода Ширин Шодӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№35

 

 

АМОНЗОДА Ширин Шодӣ

аз 3 ноябри соли 2020 дар мансаби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд 5 феврали соли 1978                           Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе

Миллат тоҷик                                                                Таҳсилот олӣ

соли 1999 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон,
соли 2016 Донишгоҳи байналмилалии Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси Ороми давлати Ҷопонро хатм кардааст

Ихтисос  забонҳои англисӣ-фаронсавӣ, сиёсати ҳамкориҳои иқтисодӣ

Унвони илмӣ номзади илми филология

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ оиладор соҳиби 2 фарзанд

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1999-2002

Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисии Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Солҳои 2000-2003

Аспиранти Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Солҳои 2001-2002

Масъули комуникатсионии дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират

Солҳои 2002-2004-

Котиби масъули коммуникатсионии дафтари тоҷикистонии Кумитаи Шведсиягӣ оид ба Афғонистон, шаҳри Душанбе

Соли 2004 -2005

Тарҷумони Комиссиариати олии кор бо гурезаҳои Созмони Миллали Мутаҳид

Солҳои 2005-2006

Масъули хадамоти протоколоии намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО) – дар шаҳри Айчӣ, давлати Ҷопон

Солҳои 2006-2012

Сармутахассиси Раёсати сиёсат дар соҳаи савдо, туризм ва фаъолияти биржавии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2014

Сармутахассиси сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2016

Давраи омӯзишии такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси ороми кишвари Ҷопон

Солҳои 2016-2017

Сармутахассиси Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2017-2020

Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 01 то 11
соли 2020

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз  3 ноябри соли 2020 то имрӯз

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520