ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Давлатзода З.Д.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Давлатзода Зулфия Давлат Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№42
ДАВЛАТЗОДА Зулфия Давлат
аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 13 марти соли 1974 Ҷои таваллуд шаҳри Хоруғ
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хоруғро хатм кардааст
Ихтисос филологияи шарқ
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида шудаст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1991 – 1992 |
Назоратчии маҳсулоти заводи нони шаҳри Хоруғ |
Солҳои 1992 – 1997 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ |
Солҳои 1997 – 2007 |
Хабарнигори идораи телевизион ва радиои ВМКБ, шаҳри Хоруғ |
Солҳои 2007 – 2008 |
Сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ, шаҳри Хоруғ |
Солҳои 2008 – 2014 |
Сардори Идораи телевизион ва радиои ВМКБ, шаҳри Хоруғ |
Солҳои 2014-2015 |
Директори Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ» |
Солҳои 2015-2019 |
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2019-2020 |
Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
01-11 соли 2020 |
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз 3 ноябри соли 2020 |
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон |