Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок ва суханронӣ дар ҷашни 70 солагии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

20.11.2009 15:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 70 сол пур шуд. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои асосии донишгоҳ бо шароити таълиму тарбияи табибони оянда аз наздик шинос шуда, сипас дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба ин санаи фархунда, ки дар Кохи Ваҳдати пойтахт баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоишгоҳи китобҳои сершумори тозанашр, ки бештари онҳо бо забонӣ тоҷикӣ таҳия ва ё аз дигар забонҳо тарҷума шудаанд, аз наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо дорӯҳои аз гулу гиёҳҳои шифобахши табиати Тоҷикистон омодагашта, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки истеҳсол ва истифодаи чунин дорӯвориҳои табиӣ ҳам дар табобати беморон ва ҳам дар чойхонаю ошхона ва тарабхонаю осоишгоҳҳо чун чой ва хушбӯиҳо васеъ ба роҳ монда шавад.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи табибони оянда таваҷҷӯҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро хусусан озмоишгоҳи кишт ва парвариши ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба худ ҷалб намуд.

Чунонки таъкид гардид, ин кор аз дастовардҳои навтарини технологияҳои муосири тиббӣ буда, фаъолияти он дар ин ҷо дар ҳамкорӣ бо донишманди маъруфи ҳамзабони мо аз Донишгоҳи тиббии Париж (Фаронса) доктор Масъуди Миршоҳӣ ва бо дастгирии сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Афзалияти кори ин озмоишгоҳ дар он аст, ки дар ин ҷо барои иваз намудани ҳуҷайра ва бофтаҳои корношоямгаштаи инсон аз хун, устухон ва ё дигар аъзои бадан гирифта, ҳуҷайраву бофтаҳои солим омода месозанд.

Айни ҳол дар ин ҷо танҳо корҳои озмоишӣ ва омодасозии ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то ҷашни Наврӯзи оянда, яъне баҳори соли 2010 муолиҷаи нахустин беморон бо ин усул гузаронда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз маркази методӣ – тадқиқотии дорӯшиносӣ, маркази захираҳои тибби исботшуда ва осорхонаи донишгоҳ дидан кард.

Дар осорхона маводи зиёд, аз ҷумла аксу мусаввараҳо ва нусхаҳо аз санадҳои нодири таърихӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи бо номи Абӯалӣ ибни Сино номгузорӣ шудани ин муассисаи бонуфузи таълимӣ бо имзои Иосиф Сталин аз соли 1952 аз ҷумлаи чунин санадҳо аст.

Зимни боздид аз утоқҳои сершумори илмию таълимӣ, ки тайи ду соли охир баъди дубора навсозӣ шудани донишгоҳ бунёд ёфтаанд, устодону донишҷӯён ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннтадории бепоён намуданд, зеро баъди сӯхтори шадиди 26 декабри соли 2007 рухдода, дар ин ҷо ғайр аз чор девори дудзада дигар чизе боқӣ намонда буд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар натиҷаи чораҳои фаврии андешидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи камтар аз 11 моҳ ин биноҳо барқарор ва аз пештара дида, хеле ободу зеботар ва муҷаҳҳазу мураттаб шуданд. Мавриди таъкид аст, ки аз ин 11 моҳи барқарорсозӣ беш аз се моҳаш бо бартарафсозии осори сӯхтор сипарӣ гашта буд.

Зимни сӯҳбатҳои имрӯза ёдоварӣ карда шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 1939 бо номи «Донишкадаи давлатии тиббии Сталинобод» таъсис ёфта, соли аввал бо як факулта, 6 кафедра, 130 нафар донишҷӯ ва 2 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд.

Ҳоло бошад донишгоҳ дорои 4 факулта, 64 кафедра, 27 озмоишгоҳ, 736 омӯзгор ва 5886 нафар донишҷӯ мебошад. Дар донишгоҳ 23 кафедраи соҳаҳои терапевтӣ, 16 кафедраи тибби назарявӣ, 15 кафедраи ҷарроҳӣ ва 9 кафедраи самтҳои гуногуни таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд. Аз 736 омӯзгор 86 нафарашон доктори илм, профессор, 209 кас номзади илм, дотсент ва 441 нафар муаллимони калону асистентҳо мебошанд.

Дар назди донишгоҳ ҳамчунин аспирантура, докторантура, ординатура ва интернатураи клиникӣ, шумораи зиёди озмоишгоҳҳо, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳсилотӣ ва бозомӯзию такмили ихтисос, нашрияҳои илмӣ - оммавӣ ва ғайра фаъолият мекунанд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз 15 кишвари ҷаҳон наздики 500 нафар донишҷӯ таҳсили илм мекунанд, ки ин аз обурӯ ва нуфузи байналмилалии он гувоҳӣ медиҳад. Шумораи аз ҳама зиёди донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ ва Яман мебошанд.

Умуман, ин боргоҳи илму маърифати тиббӣ дар 70 соли фаъолияташ 32500 нафар мутахассисони дорои таҳсилоти олиро аз рӯи чандин ихтисос омода кардааст.

Китобхонаи донишгоҳ 479 ҳазор нусха китоб дорад, ки аз нисф зиёди онҳо адабиёти дарсӣ мебошанд.

Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон расман бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои мутахассиси сатҳи баланди соҳаи тиб шудан аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ ҳатмӣ аст.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кохи Ваҳдати пойтахт ташриф оварда, дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 70 – уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон устодону донишҷӯён ва тамоми хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифати тиббиро бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, бурду бохти 70 – солаи Тоҷикистон ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакатро ба соҳаи тандурустӣ, ки сол ба сол зиёд мегардад, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шумораи зиёди устодон бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷумла, хизматҳои шоёни профессори кафедраи онкологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Масъуди Миршоҳӣ бо ордени Дӯстӣ, 5 нафари дигар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 6 кас бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали Шафқат ва 1 кас бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин академик Неъматулло Усмонов, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Русия Николай Володин, доктор Масъуди Миршоҳӣ ва донишҷӯи пешсафи донишгоҳ Умеда Шокирова суханронӣ намуданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо консерти бошукӯҳи устодони санъати Тоҷикистон ба поён расид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520