Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия

09.11.2020 20:30, шаҳри Душанбе

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!

Солгарди навбатии ҷашни таъсисёбии мақомоти милитсяи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бисту нуҳ сол инҷониб дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба сӯи рушду тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар ин давра бо кӯшишҳои пайвастаи ҳамаи аркони давлатдорӣ, аз ҷумла дар натиҷаи фаъолияти содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаёти мардуми кишвар дар фазои орому осоишта ва суботи комили сиёсӣ идома дорад.

Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро барои саҳми бисёр арзишмандатон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфузи ҳифзи қонунияту тартибот, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Қобили зикри махсус аст, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.

Вақте ба таърихи гузаштаи милитсияи тоҷик назар мекунем, саҳифаҳои пур аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва содиқ ба миллати куҳанбунёду соҳибфарҳангамонро мебинем.

Ҳисси ватандӯстӣ ва садоқату самимият ба уҳдадориҳои хизматӣ дар замири фарзандони бонангу номуси ин мақомот дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳадафу ниятҳои нопоки душманон ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро барбод дод.

Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша беш аз 2000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд, ки мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем.

Дар рӯзи ҷашни касбии кормандони милитсия бори дигар миннатдории худро барои заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо ҳисси баланди ватанхоҳӣ ва ифтихори миллӣ ба хотири ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва иҷрои ҳатмии амру фармонҳои Роҳбари давлат фаъолият мекунанд, изҳор медорам.

Эътимоди комил дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун содиқона заҳмат мекашанд ва ба халқу Ватан бошарафона хизмат мекунанд.

Бори дигар ҷашни касбиро ба тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, хонаи обод ва дар кору фаъолияти масъулиятнокашон барору муваффақият орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни назму тартибот ва фарзандони содиқи Ватан!

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520