Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ

18.11.2020 19:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ибтидои суҳбат Амири Давлати Қатар бори дигар табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ба Пешвои миллат дар робита ба натиҷаҳои интихоботи президентии дар Тоҷикистон баргузоргардида ва аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Дар рафти суҳбат Сарони ду кишвари дӯст вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои ҷонибҳо, ки бар асоси манфиатҳои муштарак қарор доранд, баҳои баланд медиҳад.

Ҳамчунин ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар, аз ҷумла дар бахшҳои гуногуни иқтисод бо шумули соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳи ҳанӯз ҳам дорои захираҳои истифоданашуда мебошанд.

Дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн инчунин ҳолат ва ояндаи робитаҳои ду кишвар дар чорчӯбаи сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ қарор доштанд.

Дар ин замина ҷонибҳо оид ба таъсири паёмадҳои глобалии пандемияи КОВИД – 19, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, ибрози андеша карданд.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон низ дар вазъияти мавҷуда истисно нест ва тамоми саъйю талоши худро ба пешгирии оқибатҳои он, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда истодааст.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар ҷиҳати ҳамкорӣ дар мубориза бо ин бемории сироятӣ изҳори сипос намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. Даъвати мазкур аз ҷониби Қатар бо камоли майл пазируфта шуд.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520