Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»

21.11.2020 12:18

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» имзо гузоштанд.

Қонуни номбурда дар асоси нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардидааст.

Дар Қонун ҳаҷми умумии даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 муайян гардида, қисми даромади он нисбат ба Буҷети соли 2020 ба андозаи 1 млрд. 591, 8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар Буҷети соли 2021 ба мисли солҳои гузашта бештар ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст. Аз ҷумла, афзоиши маблағгузории соҳаи маориф 11, 8 дарсад ва тандурустӣ 8, 4 дарсад пешбинӣ шудааст.

Қонун барои рушди устувор ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона шудааст.

Қонун дар матбуот чоп мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520