Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Данғара

04.11.2009 18:00

Имрӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Данғара телефонӣ ҳисобот доданд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба натиҷаҳои фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои мазкур оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, нақшаи пардохтҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини нафақа ва маош зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро ҳамчунин оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта, оғози киштукори тирамоҳӣ ва омодагӣ ба зимистон шунида, баҳри баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо дар ин ва дигар самтҳои афзалиятнок дастуру ҳидоятҳо дод.

Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба захира кардани маводи сӯхт барои зимистон, таъмини муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маводи зарурӣ ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520