Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

САТТОРИЁН Матлубахон Амонзода
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сатториён Матлубахон 19-уми сентябри соли 1972 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1994 Донишкадаи давлатии педагогии ба номи С.М.Кировро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Номзади илмҳои филологӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 оғоз намуда, ҳамчун муаллима, сармуаллима, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ, ҷонишини декани факултаи филологияи тоҷик, сармутахассис, муовини мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.

Солҳои 2008-2011 ба ҳайси раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият бурдааст.

Солҳои 2011-2014 дар мансаби раиси шаҳри Истиқлол ва солҳои 2014-2018 раиси шаҳри Гулистон фаъолият намудааст.

Аз декабри соли 2018 то соли 2020 ҳамчун раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор кардааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 –юми ноябри соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 2011 бо медали ҷашнии “20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2017 бо медали “Хизмати шоиста”сарфароз гардидааст.

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520