Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёзода Сулаймон 1 январи соли 1962 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1983 Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро соли 1983 ҳамчун Агрономи калони хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод оғоз намуда, минбаъд то соли 2016 дар вазифаҳои сардори шӯъбаи дуюм, котиби дуюм ва якуми кумитаи комсомол, муовини директор, директор, раиси кооперативи истеҳсолии «Ширин», Раиси ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Шӯҳрат», Раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби  ба номи  М.Абдуллоев, сардори раёсати кишоварзӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, Сардори шӯъба-муовин оид ба иқтисодиёт ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод ва муовини раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2016-2019 дар мансаби раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва муовини  раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз соли 2019 то соли 2020 дар вазифаи Раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2020-2022 дар мансаби вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2022 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Соли 1999 бо «Ифтихорнома»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520