Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМОНЗОДА Ширин Шодӣ
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМОНЗОДА Ширин 5 феврали соли 1978 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси забонҳои англисӣ фаронсавӣ ва соли 2016 Донишгоҳи байналмилалии Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси Ороми давлати Ҷопонро бо ихтисоси сиёсати ҳамкориҳои иқтисодӣ хатм намудааст. Номзади илми филология мебошад.

Фаъолияти кориашро соли 1999 ҳамчун Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисии Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд солҳои 1999-2017 ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон, масъули коммуникатсионии дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират, котиби масъули коммуникатсионии дафтари Тоҷикистонии Кумитаи Шведсиягӣ оид ба Афғонистон, тарҷумони Комиссиариати олии кор бо гурезаҳои Созмони Милали Муттаҳид, масъули Хадамоти протоколии намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО) дар шаҳри Айчии Ҷопон, сармутахассиси Раёсати сиёсат дар соҳаи савдо, туризм ва фаъолияти биржавӣ ва сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, сармутахассиси Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2017-2020 дар вазифаҳои муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2020 раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон таъин гардидааст.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520