Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КАБИР Шералӣ
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кабир Шералӣ 22 ноябри соли 1971 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Фаъолияти кориашро соли 1993 ҳамчун муовини директори ҶС «Система» дар назди заводи «Спецавтоматика»-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд то соли 2005 дар мансабҳои ноиби Президент оид ба тиҷорати ҶС «Тенис», Мутахассиси дараҷаи 1, сардори шуъбаи равобити байнидавлатии Кумитаи давлатии қарордод ва савдо, сардори Раёсати савдои биржавии Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон, Сардори Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» ва муовини Раиси ҶСК «Ориёнбонк» кор кардааст.

Солҳои 2005-2015 Муовини якуми директори КВД «Ширкати Алюминии Тоҷикистон» ва солҳои 2015-2020 Раиси Шурои директорони КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» буд.

Соли 2012 бо ордени «Шараф дараҷаи I» сарфароз гардонида шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520