Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдуллозода Ҷамолиддин 9 декабри соли 1966 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1989 Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси кори табобатӣ хатм намудааст. Доктори илмҳои тиб, профессор мебошад.

Фаъолияти кориашро соли 1989 ҳамчун табиб-интернаи шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи академик К.Тоҷиев оғоз намуда, минбаъд то соли 2008 ҳамчун табиби ҷарроҳ ва мудири шуъбаи Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2008-2014 директори Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, солҳои 2014-2017 директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ва солҳои 2017-2020 директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлоли шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Ҳамчунин солҳои 2002-2020 дар кафедраи ҷарроҳии умумии №2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент, дотсенти кафедра, аъзои шӯрои диссертатсионии ДДТТ, профессори кафедра ва мудири кафедра кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2020 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо медали “Шафқат” (соли 2009) ва унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2015) сарфароз гардонида шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520