Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶУМЪА Далер Шофақир
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶУМЪА  Далер соли 1973 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғро бо ихтисоси иқтисодчӣ – муҳосиб, соли 2006 Донишгоҳи Королинаи Шимолии ИМА-ро бо ихтисоси идоракунии бизнес лоиҳаҳо ва соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди ИМА-ро бо ихтисоси идоракунии бизнеси байналмилалӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро соли 1995 ҳамчун муҳандиси Институти илмӣ-тадқиқотии «Тоҷикгидроэнергопроект» оғоз намуда, минбаъд то соли 2006 дар мансабҳои сардори Раёсати логистикии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, Сармутахассиси департаменти сафарбаркунии захираҳои Сардафтари Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Женеваи Шветсария, машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ, роҳбари бахши маркетинги Барномаи рушди соҳибкорӣ USAID/PRAGMA, Мутахассиси шӯъбаи фурӯш ва таъминоти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА,

Солҳои 2006–2007 Роҳбари ташкилоти Фокуси кӯмак дар Тоҷикистон, аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва солҳои 2007-2020 Директори генералии ҶСШК «Помир Энерҷӣ» ва аз соли 2019 то 3 ноябри соли 2020 роҳбари регионалии лоиҳаҳои энергетикии сандуқи рушди иқтисодии Оғохон дар Осиё буд.

Вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум (2020-2025) мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520