Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОДИРЗОДА Саъдӣ Сангимурод
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Қодирзода Саъдӣ Сангимурод 4 майи соли 1978 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчии байналхалқӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2000 ҳамчун мутахассиси дараҷаи дуюми Шуъбаи асъори Бонки тиҷоратии «Душанбе» оғоз намуда, сипас то соли 2015 дар мансабҳои сармутахассиси шуъбаи дурнамои раёсати дурнамо ва рушди минтақаҳои Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари раёсати таҳлили макроиқтисодӣ, сармутахассиси раёсати инвеститсияҳои хориҷӣ, сармутахассиси шуъбаи таҳияи Барномаҳои давлатии сармоягузорӣ, сардори раёсати Барномаҳои давлатии сармоягузорӣ, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари лоиҳаи ҶСК «Сомон Капитал», муовини роҳбари дирексияи ҷамъбасти таҳлилӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, роҳбари мудирияти кор бо кормандон, муовини сардори шуъбаи назорати дохилӣ ва ҳамоҳангсозии филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ва сардори Сарраёсати сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2015-2019 дар мансаби Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2020 дар мансаби муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2020 Раиси Кумитаи давлатии самоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520