Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод

27.10.2009 13:00, ноҳияи Тоҷикобод

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт аз мавзеи Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод оғоз ёфт.

Дар ин ҷо Президенти мамлакатро мардум бо арзи сипосу шукргузорӣ аз сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва ғамхории зиёд ба аҳолии деҳоти кӯҳистон истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳбарияту коргарони ширкати чинии «Чайна роуд» лентаи рамзиро бурида, пули азими дарозиаш 210 ва паҳноиаш 10 метраро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки иқтидори борбардории ин пули муқтадир, ки бо сарфи 18 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, ба 80 тонна баробар аст ва дар сохтмону таҷдиди ин қисмати роҳ 200 нафар мутаххасисону коргарони маҳаллӣ бо кор таъмин гаштаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо бинокорон ва аҳолии ноҳияи Тоҷикобод ба муҳандисону мутахассисон ва роҳсозони тоҷику чинӣ барои дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони ин пули бузург изҳори сипос намуд ва пешниҳод кард, ки пул минбаъд "Ваҳдат" номида шавад.

Боиси хушнудии аҳолии деҳоти Тоҷикобод аст, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Ҷиргатол - Саритош ҳамчунин 25 километр роҳҳои маҳаллӣ аз Нимич то Сайрон навсозӣ мешавад ва 17 километри он аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520