Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

18.12.2020 16:53, шаҳри Душанбе
Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  18.12.2020

18 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ тариқи видеоконференсия таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

   Дар кори ҷаласа ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, иҷрокунандаи вазифаи Президент, Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия, Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Валентина Матвиенко ва раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намуда, Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи он, қарорҳои Шӯро дар бораи рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва дар бораи дар соли 2021 ба ҷониби Беларус гузаштани раёсат дар ИДМ-ро тасдиқ карданд. Инчунин, оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод, аз ҷумла дар соҳаҳои низомӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амнияти иттилоотӣ ва таҳкими амният дар марзҳои берунии Иттиҳод, қарорҳои дигари муҳими Шӯрои сарони давлатҳо қабул карда шуданд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои раёсатро дар Иттиҳод аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сарфи назар аз шароити душвори кунунӣ, таъкид карданд. Инчунин зикр гардид, ки рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳод аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Сипас, Сарвари давлати мо дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон ва алахусус дар минтақаи Иттиҳод андешаронӣ карданд. Дар ин зимн, ба талошҳои миёнаравии Федератсияи Россия ва амалиётҳои қатъии роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон, ки ба созиш дар бораи оташбас дар минтақаи низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ равона шуда буданд, баҳои баланд дода шуд. Пешвои миллат алоқамандии самимии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳифз ва таҳкими сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ таъкид намуда, ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар баргузории интихоботи парлумонии дарпешистода ва ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар интихоботи президентӣ, ки моҳи январи соли 2021 баргузор мегарданд, муваффақият орзу карданд.

Пешвои миллат зимни баррасии масъалаи таҳаввулоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар пасманзари пандемияи COVID-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ имсол ба он дучор омад, суханронӣ карда, ба таҳдиди он ба амнияти озуқаворӣ ва бӯҳрони башардӯстонаи бисёр кишварҳо, таваҷҷуҳи махсус доданд. “Тибқи баҳогузории сохторҳои салоҳиятдори СММ, бинобар таназзули шадиди иқтисодӣ ва афзоиши якбораи бекорӣ шумораи гуруснагон дар ҷаҳон то ба 270 миллион нафар, яъне ду баробар афзоиш ёфт”, - таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо дарназардошти тамоюли манфии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, Президенти Тоҷикистон даъват карданд, ки дар доираи Иттиҳод ба оқибатҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодии пандемия якҷоя вокуниш нишон дода, тадбирҳои муассиртар қабул ва ба рушди амалии сегменти тиҷоративу иқтисодии ҳамкории дорои иқтидори азим, аҳамият дода шавад. Дар ин зимн, робитаҳои фаъоли тиҷоратӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва энергетика, дар соҳаҳои мухталифи саноат, кишоварзӣ ва дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ҳамчун самтҳои афзалиятнок ном бурда шуданд. Дар интиҳои баррасии мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти тағйирёбии иқлим дахл карда, андешидани чораҳои саривақтию таъхирнопазирро ҷиҳати муқовимат ба оқибатҳои он таъкид намуданд. Дар ин замина, дар баробари обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиш ёфтани манбаъҳои об, афзоиши шумораи сел, обхезӣ ва хушксолӣ, ки ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар зарари калон мерасонанд, камобии шадид дар таърихи муосир махсусан қайд карда шуд.

Дар идомаи суханронии худ Сарвари давлат вазъи ташвишовари имрӯзаи минтақа ва ҷаҳонро, ки таҳти таъсири тамоюли афзоиши таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ташаккул ёфтааст, таҳлил карданд. Дар ин зимн, қабули саривақтии қарорҳо дар доираи Иттиҳод оид ба таҳкими амнияти иттилоотӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ ва таҳкими амният дар марзҳои берунии Иттиҳод таъкид карда шуд. Инчунин ба масъалаҳои рушди вазъ дар Афғонистон ва талошҳои сиёсию дипломатӣ, ки ба истиқрори сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар равона шудаанд, дахл карданд.

Сардори давлати мо аҳамияти тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии байни кишварҳои узви Иттиҳодро махсус зикр намуданд. Ба як қатор чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, ки баргузории онҳо дар пойтахти Тоҷикистон соли 2021 дар доираи татбиқи минбаъдаи Барномаи шаҳри Душанбе - Пойтахти фарҳангии ИДМ ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда, барои идомаи ҳамкории муштараки созанда дар доираи ИДМ ба нафъи шукуфоии минбаъдаи кишварҳо ва халқҳои давлатҳои аъзо, комёбиҳо орзу карданд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520