Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва сӯҳбат бо бинокорони нерӯгоҳи обии Роғун

28.10.2009 18:00, шаҳри Роғун

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва сӯҳбат бо бинокорони нерӯгоҳи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншооти бузурги аср ташриф овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мавзеъҳои сохтмонии нерӯгоҳи азими Роғун бо рафти корҳо аз наздик шинос шуда, бо коргарону мутахассисони сершумори он сӯҳбатҳо намуд.

Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи кории корхонаи Гидромонтаж, ки дар деҳаи Сичароғи шаҳри Роғун қарор дорад, оғоз ёфт.

Зимни шиносоӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки 90% тамоми конструксияҳои азими металиии барои навбати якуми нерӯгоҳи Роғун зарурӣ имрӯз аллакай омода гаштаанд.

Аз ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳи доимии ӯ мутахассисону коргарон рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Дар сӯҳбат бо онҳо ҳамчунин маълум шуд, ки маоши миёнаи коргарон аз 1600 то 1800 сомониро ташкил медиҳад ва ба гуфти худи онҳо барои 15 рӯзи корӣ дар як моҳ ин музди хуб аст. Ёдовар бояд шуд, ки кори онҳо ба таври вахтавӣ сурат мегирад, яъне 15 рӯз кор ва 15 рӯз истироҳат.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз хобгоҳи вахтавии онҳо дидан карда, аз шароити фароғатӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра изҳори қаноатмандӣ намуд ва ҳамзамон баҳри кушодани мағоза, ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангӣ ва дигар маҳфилҳои дилхушӣ ба масъулин супоришҳои иловагӣ дод.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо кори мошинҳои пуриқтидори сохтмонию боркашӣ дар майдонҳои сохтмон, аз ҷумла таъкид гардид, ки бо илова шудани 100 адад мошинҳои БелАЗ ва дигар мошинҳои дигари пуриқтидор имрӯз шумораи онҳо дар ин иншооти азим ба зиёда аз 700 адад расидааст. Ба гуфти шоҳидону мутахассисони ҳолдон дар серкортарин давраҳои замони шӯравӣ ҳам дар ин ҷо ин қадар техника вуҷуд надоштааст. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизоти имрӯза барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми нерӯгоҳ басанда аст.

Зикр карда шуд, ки барои оғози сохтмони сарбанд то имрӯз аз мавзеъҳои зериобмонанда 16 миллион метри мукаъаб сангу шағал ба анборҳои дар баландиҳо ҷойгирифта кашонда, захира карда шудааст.

Дар мавзеъҳои сершумори сохтмонӣ, аз ҷумла иншооти бузурги зеризаминӣ бори дигар аён гашт, ки бинокорони диловари ин нерӯгоҳи азим барои омодагӣ ба бастани маҷрои дарёи пуртғёни Вахш шабу рӯз софдилона ва бо ғайрату тавони камназир фаъолият доранд.

Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи нақша навбати якуми нерӯгоҳи обии Роғун дар муддати се – чор соли оянда бо ду агрегати аввал ва иқтидори 800 мегават бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки 85% - и иншооти зеризаминии барои навбати якуми нерӯгоҳ зарурӣ имрӯз омода гаштаанд ва корҳои пармакунӣ, бетонрезӣ, оҳанбандӣ, омода кардани нақбҳои сохтмонӣ, нақлиётӣ, обпарто, коммуникатсионӣ, дарвозаҳои обии даруни нақбҳо, толори трансфарматорҳо, толори мошинҳо (агрегатҳо) ва умуман дар тамоми мавзеъҳо бо ҷӯшу хурӯш, рӯҳияи баланди меҳнатӣ ва ҳисси масъулияти шоистаи тамоми мутахассисону коргарон дар назди халқу Ватан идома доранд.

Баландии толори мошинҳо ё худ агрегатҳо, ки дар даруни кӯҳ ҷойгир аст, ба 68 мерасад ва бинои маркази идории нерӯгоҳ, ки дар ҳамин толор сохта хоҳад шуд, аз 7 ошёна иборат хоҳад буд. Умуман қобили таъкид таъкид аст, ки дарозии умумии тамоми нақбҳои нерӯгоҳ ба зиёда аз 60 км расида, иншооти бешумори зеризаминии он ба як шаҳри азими дар дили кӯҳ ҷой гирифта монанд аст.

Зимни боздид аз мавзеи резиши рӯди Оби Шӯр ба дарёи Вахш, ки ба поёни мавзеи сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун рост меояд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои сохтмони як сарбанди иловагӣ дар сари роҳи ин рӯд ва бунёди нерӯгоҳи обии Шӯроб низ шинос шуд.

Вобаста ба лоиҳаи нерӯгоҳи обии Шӯроб иттилоъ дода шуд, ки ин нерӯгоҳ 16 километр поёнтар аз нерӯгоҳи Роғун дар болои дарёи Вахш бо иқтидори 850 мегават бунёд хоҳад ёфт, ки баландии сарбандаш 93 метр ва ғунҷоиши обанбораш беш аз 77 миллион метри мукааб обро ташкил хоҳад дод.

Зимни тамошои шаҳраки истиқомати вахтавии коргарони нерӯгоҳ иттилоъ дода шуд, дар он тамоми шароити зарурии моддию маишӣ, хобгоҳҳо, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра омода гаштаанд. Ғайр аз ин шаҳраки асосӣ, аксари корхонаю ташкилотҳои сохтмонӣ, ки шумораи умумиашон дар ин иншооти азим ба зиёда аз 50 адад расида, дар масофаҳои дур аз ҳамдигар кор мекунанд, бевосита дар мавзеъҳои сохтмонии худ шаҳракҳои истиқомату фароғати вахтавӣ бо тамоми шароити зарурӣ бунёд намудаанд.

Баъди боздид аз тамоми мавзеъҳои сохтмонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти нерӯгоҳ ва корхонаю муассисаҳои сершумори сохтмонӣ, ки ба ин ҷо ба кор ҷалб шудаанд, машварати корӣ анҷом дод.

Дар машварати мазкур, ки бо иштироки роҳарияти тамоми вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдори идорӣ доир гардид, натиҷаҳои корҳои анҷомёфта баррасӣ шуда, вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас гардиданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520