Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ

22.12.2020 13:07, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ   22.12.2020

22 декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истиқболи гарм аз музокироти сулҳи байниафғонӣ ва баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ, самимона хостори раванди ба даст овардани сулҳи деринтизор дар кишвари ба мо дӯсту бародари Афғонистон шуданд. Таъкид гардид, ки натиҷаҳои созандаи музокироти сулҳ на танҳо барои Афғонистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайомадҳои нек дошта метавонад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалҳои гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва дигар шабакаҳои терроризми байналмилалӣ, ки барои Афғонистону минтақа манбаи асосии таҳдиду нигаронии ҷиддӣ аст, табодули андеша карда, тақвияти муборизаи муштаракро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳоро дар соҳаи амниятӣ зарур шумурданд.

Аз муколамаи мунтазами сиёсии байни давлатҳо, ки омили муҳими баррасии масоили калидии муносибатҳои дӯстона ва роҳҳои таҳкиму тақвияти минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд, изҳори қаноат карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ татбиқи тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ба хотири эҷоди долонҳои нави нақлиётию транзитӣ байни кишварҳо муҳиму зарурӣ унвон карда шуд.

Дар шароити имрӯзаи пандемияи бемории сироятии короновирус пешниҳод гардид, ки дар самти пешгирии ин беморӣ ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ тақвият бахшида шавад.

Ҳамчунин омодагии Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, иттилоот ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520