Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли яхмоси ҶДММ “Ҳурия” дар шаҳри Душанбе

24.12.2020 11:24, шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли яхмоси ҶДММ “Ҳурия” дар шаҳри Душанбе  24.12.2020

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии пойтахт ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳурия” оғози расмӣ бахшиданд. Коргоҳи мазкур мавсимӣ буда, ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос машғул аст.

Корхона аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Расул Мансуров дар масоҳати 0,34 гектар бунёд гардида, корҳои бунёдӣ ва воридоту васли таҷҳизоти истеҳсолӣ пурра ба итмом расидааст.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани коргоҳ дар мавсим 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.  

Таҷҳизот ва хатҳои истеҳсолии яхмос насли навтарин буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои аврупоӣ ворид карда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки сифат ва тамъу лаззати маҳсулоти ин корхона ба ҳамаи талаботҳо, аз ҷумла меъёрҳои санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ бошад. Дар мавсими навбатӣ маҳсулоти босифати ин корхона аллакай дастраси истеъмолкунандагон хоҳад гашт.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ашёи хом, аз ҷумла шир, аз хоҷагиву фермаҳои чорводорӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дастрас карда мешавад ва ба хотири таъмини бехатарӣ, маҳсулоти корхона ҳар моҳ ду маротиба аз санҷиши сифат мегузарад.

Маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳурия” бо бренди “Сардиҳои Тоҷикистон” истеҳсол шуда, бештар аз 30 намудро дар бар мегирад. Ба хотири дастрас кардани маҳсулоти истеҳсолии корхона ба мизоҷон, чор адад автомашинаи махсус харидорӣ гардидааст.

Тавре маълум аст, дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе коргоҳу сехҳои хурду миёнаи истеҳсоли яхмос хеле зиёданд ва дар бозори истеъмолӣ як навъ рақобатро низ ба миён овардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон маслиҳат доданд, ки дар ин бозори пуррақобат пеш аз ҳама ба сифат ва тамъи маҳсулот аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Ободонию зебогардонидани гирду атрофи бинои корхона аз маслиҳатҳои дигари Пешвои миллат буд, ки ба соҳибкорон дода шуд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520