Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Нуробод

27.10.2009 19:00, ноҳияи Нуробод

Падарону модарони азиз!
Бародарону хоҳарони гиромӣ!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Аввалан, ба ҳамаи шумо – мардуми меҳмоннавози ноҳияи Нуробод барои истиқболи самимонаатон арзи сипосу миннатдорӣ карда, пазироиеро, ки дар ҷараёни сафари корӣ нисбат ба Роҳбари давлат зоҳир намудед, ҳамчун нишони ҷонибдории самимии шумо аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ менамоям.

Шумо хуб медонед, ки мо дар давоми чанд соли охир бо дарназардошти мушкилоти ҳаёти мардуми кишварамон, яъне норасоии қувваи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани Тоҷикистон ва беҳбуди шароити муассисаҳои иҷтимоӣ созандагиву бунёдкориро пеш гирифта, дар доираи он сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург, роҳҳои мошингард, пулу нақбҳо, мактабу беморхонаҳо ва дар маҷмӯъ раванди ободкориро идома дода истодаем.

Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамон, ки пешрафту тараққиёти оянда ва сатҳу сифати зиндагии мо аз онҳо вобаста мебошад, дар баробари дигар иншоот ба бунёди нерӯгоҳи Роғун ва сохтмону азнавсозии роҳи Душанбе – Саритош шурӯъ кардем, ки ҳарду иншоот барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим ва зарурӣ буда, қисман дар қаламрави ноҳияи шумо воқеъ гардидаанд.

Бо дарназардошти он, ки ҳудуди муайяни ноҳияро обанбори нерӯгоҳи Роғун фаро мегирад ва бинобар зарурати кӯчонидани маркази ноҳия ва аҳолии баъзе деҳаҳо Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади бунёди маркази маъмурӣ ва ободонии ноҳияи Нуробод ҳанӯз моҳи августи соли 2004-ум қарори дахлдор қабул карда буд.

Дар асоси номгӯи чорабиниҳои тасдиқгардида дар қаламрави ноҳия то соли 2010-ум сохтмону барқарорсозии даҳҳо бинои маъмурӣ ва иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод» то соли 2015-ум бояд зиёда аз 4700 хонаводаи ноҳияи Нуробод, ки дар маҳалли ҳозираи зисташон обанбор бунёд мегардад, ба дигар мавзеъҳо кӯчонида шаванд.

Дар айни ҳол 410 хонавода, аз ҷумла 133 оила ба ноҳияи Данғара, 165 хонавода ба шаҳри Турсунзода ва 112 оила ба маркази нави ноҳия кӯчонида шуд. Ба ҳар як хонаводаи кӯчонидашуда ба андозаи муайян қитъаи наздиҳавлигӣ, қарзи имтиёзнок ва кӯмакпулии якдафъаина дода шуданд.

Тавре ки шумо огоҳӣ доред, аз соли 2005-ум инҷониб дар маркази нави ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд.

Дар доираи онҳо дар давоми чор соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ бо сарфи беш аз 184 миллион сомонӣ 25 иншоот, аз ҷумла бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шӯъбаҳои нозироти андоз, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омор, молия, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, амният, корҳои дохилӣ, маориф, суд, прокуратура, комиссариати ҳарбӣ, меҳнат ва хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, алоқа ва почта, кумитаи заминсозӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, «Агроинвестбонк», «Амонатбонк», хонаҳои истиқоматӣ, варзишгоҳ, мактаб барои 1176 талаба, беморхона барои 100 кат, хатти оби нӯшокӣ ва канали «Зуманак» сохта, ба истифода супорида шуданд.

Дар баробари ин, ҳоло бунёди беш аз 20 иншооти дигар, аз ҷумла хатти оби нӯшокии Рӯзе – Дарбанд, азхудкунии 200 гектар замини атрофи шаҳраки Дарбанд ва хонаҳои истиқоматӣ идома дошта, сохтмони хатти оби нӯшокии Шолидара – Дарбанд, канали Ҷойдара барои обёрӣ намудани беш аз 950 гектар замини мавзеъҳои Ёнур ва Гарданга, мактаб барои 320 талаба дар маҳаллаи Шаҳрисабз, мактаб-интернат барои 300 хонанда дар маркази нави ноҳия, биноҳои қасри фарҳанг, идораи барқ, дармонгоҳ, хадамоти оташнишонӣ, қитъаи байторӣ, заводи хишт ва бозор ба нақша гирифта шудаанд.

Дар асоси нақшаи генералии шаҳраки Дарбанд, ки барои 15 ҳазор аҳолӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст, ҳамчунин бунёди як қатор бинову иншооти маданиву фарҳангӣ, таълимиву тиббӣ, истиқоматӣ, аз ҷумла боғи фарҳангу фароғат, меҳмонхона, китобхона, маркази санитарию эпидемиологӣ, матбаа, идораи бойторӣ, осоишгоҳ, шифохонаи бемориҳои сироятӣ, қасри варзиш, маркази сайёҳӣ, омӯзишгоҳи касбиву техникӣ, терминали мусофиркашӣ ва дигар иншоот пешбинӣ гардидаанд.

Илова бар ин, дар доираи 7 лоиҳаи инвеститсионӣ дар ноҳия бо сарфи умумии беш аз 110 миллион сомонӣ дар самти таҷдиди соҳаи маориф, сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳои деҳот, бақайдгирӣ ва низоми кадастри замин ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, инчунин азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷумла, 7 мактаб, 1 нерӯгоҳи хурд ва беш аз 130 километр роҳҳои асосӣ ва маҳаллӣ бунёд ва таъмир гардиданд.

Ҳамчунин дар оянда дар ҳудуди ноҳия ду нерӯгоҳи миёнаи «Нуробод-1» ва «Нуробод-2» ва дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2009-2020 бунёди 19 нерӯгоҳи хурд дар назар дошта шудааст.

Яъне дар ояндаи наздик нақши ноҳия дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтани Тоҷикистон хеле бузург хоҳад гашт.

Маҳз бо дарназардошти ин мо ба ноҳия номи Нурободро дода будем ва ният дорем, ки дар ояндаи наздик онро ба яке ноҳияҳои ободу зебо ва пешрафтаву замонавии мамлакатамон табдил диҳем.

Барои пурра амалӣ гардидани ин нақша, ки татбиқи он аллакай оғоз ёфтааст, мо пеш аз ҳама ба азму ирода, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва заҳмати софдилонаву содиқонаи ҳар як сокини ноҳия ба манфиати давлату миллат такя менамоем.

Дар ноҳия барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Аз ҷумла, барои рушди зироаткорӣ, чорвопарварӣ, боғдорӣ, занбӯрпарварӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар деҳот шуғли муҳим ва манбаи асосии даромад мебошанд, тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст.

Шумо хуб медонед, ки мо ду сол инҷониб ба мардуми шарифи Тоҷикистон доир ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захираи дусолаи орду гандум ва дигар маводи озуқа муроҷиат мекунем.

Зеро ҳам дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва ҳам бар асари офатҳои гуногуни табиӣ ва омилҳои дигар дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқа ба проблемаи ҷиддӣ табдил ёфта истодааст ва мутобиқи таҳлили коршиносон ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Табиист, ки дар чунин шароит мо бояд пеш аз ҳама ба қувваи худ такя намоем ва ин масъаларо ҳар як сокини мамлакат, дар навбати аввал кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, хуб дарк намоянд.

Имсол бо инояту меҳрубонии Худованд ва обу ҳавои мусоид, инчунин бо саъю кӯшиши кишоварзон дар мамлакат зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин нишондиҳанда дар 25 соли охир дастоварди бесобиқа мебошад.

Аз ҷумла, дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Нуробод имсол истеҳсоли ғалладона беш аз 3 ҳазор тонна, зироатҳои техникӣ зиёда аз 100 тонна ва дар айни ҳол картошка 750 тоннаро ташкил медиҳад. Дар натиҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1300 тонна зиёд ғалла рӯёнида шудааст.

Дар маҷмӯъ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия имсол ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 22 фоиз ва дар соҳаи чорводорӣ 14 фоиз афзудааст.

Бояд зикр кард, ки иқлими ноҳия барои картошкапарварӣ хеле мусоид аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди картошкапарварӣ дар ноҳия дар давоми вақтҳои охир кишоварзонро бо 164 тонна картошкаи тухмӣ таъмин намуд.

Соли ҷорӣ аҳолии ноҳия аз ҳисоби ҳосили соли 2008-ум ба андозаи беш аз 900 тонна тухмии картошка захира карда буданд.

Аз ин лиҳоз, ба деҳқонони ноҳия зарур аст, ки минбаъд низ доир ба истифодаи самарабахши имкониятҳои мавҷуда, зиёд гардонидани майдони кишти картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокии он кӯшиш намоянд.

Боиси қаноатмандист, ки дар доираи татбиқи барномаҳои ҳукуматӣ дар ноҳия саршумори чорвою паранда, оилаҳои занбӯри асал ва майдони боғҳо сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Дар натиҷаи ин, албатта, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ зиёд, амнияти озуқавории мамлакат таъмин ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ низ беҳтар мешавад.

Дар ноҳия танҳо соли ҷорӣ қариб 70 тонна асал истеҳсол карда шудааст, ки ин, бевосита, манбаи даромади худи аҳолӣ мебошад. Ба ин пеш аз ҳама Барномаи ҳукуматии барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ мусоидат кард.

Зеро баъди қабул гардидани он дар ноҳия сафи занбӯрпарварон зиёд гардида, дар айни ҳол шумораи оилаҳои занбӯри асал ба беш аз шашуним ҳазор расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1300 оила зиёд аст.

Бо мақсади рушди чунин соҳаҳои афзалиятноки кишоварзӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ Ҳукумати мамлакат тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод намудани қарзҳои хурдро тадриҷан вусъат дода истодааст.

Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз буҷет ва аз тарафи бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ ба хоҳишмандон шашуним миллион сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳурӣ як миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд.

Умедворем, ки минбаъд низ шумо – сокинони ноҳия занбӯрпарварӣ ва истеҳсоли асалро густариш дода, онро дар баробари боғдориву картошкапарварӣ ба яке аз манбаъҳои асосии даромади худ табдил медиҳед.

Дар шароити камзаминии ноҳияҳои кӯҳистон истифодаи самарабахшу оқилонаи ҳар ваҷаб замини кишт, пеш аз ҳама, заминҳои обӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин аст.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала ба Вазорати кишоварзӣ, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки дар бораи бартараф кардани мушкилоти дар ин самт мавҷуда ва дуруст ба роҳ мондани истифодаи самарабахши замини кишт дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Тавре ки зикр кардем, рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Нуробод ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар баробари дар он вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо мақсади дастгирии буҷети маҳаллӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамасола аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд. Зеро буҷети ноҳия, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 1 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил додааст, нокифоя мебошад.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 20 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар ҳаҷми панҷуним миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намуд, ки ин аз буҷети ноҳия зиёда аз даҳ маротиба бештар аст.

Дар панҷ соли охир буҷети ноҳия дар маҷмӯъ ба андозаи 74 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии марбут ба рафъи оқибати офатҳои табиӣ барои барқарорсозии роҳу пулҳо ва иншооти энергетикиву обрасонии ноҳия зиёда аз 130 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

Дар баробари ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки доир ба афзун гардонидани қисми даромади буҷети ноҳия, истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ, пешгирии ташаккули бақияпулиҳо аз андоз, пардохти саривақтии нафақаву музди меҳнат, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тадбирҳои қатъӣ андешад.

Ҳозирини гиромӣ!

Солҳои охир ҷиҳати паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар дохили кишвар фароҳам овардани ҷойҳои корӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд.

Бо оғоз ёфтани сохтмони нерӯгоҳҳо, роҳҳо ва биноҳову иншооти дигар барои шаҳрвандони кишвар ҳазорҳо ҷойҳои корӣ ташкил карда шудаанд.

Дар доираи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод низ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 900 ҷои корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 фоиз бештар аст.

Илова бар ин, бо вусъат гирифтани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва иншооти дигар ҳазорон нафар сокинони ноҳияи Нуробод метавонанд бо ҷойи кор таъмин шаванд.

Таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасбу соҳибмаърифат ва насли наврас вазифаи мост. Солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маорифи ноҳия ғамхории махсус зоҳир карда истодааст.

Бо маблағҳои давлатӣ, лоиҳаҳои таҷдиди соҳаи маориф ва гранти Фонди каталитикӣ 7 иншооти соҳаи маорифи ноҳия бунёд, азнавсозӣ ва бо мебелу таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд.

То ба имрӯз дар маҷмӯъ шароити таҳсили беш аз 2 ҳазор хонанда ба талаботи замон мувофиқ гардонида шудааст.

Дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба шакли нави идоракунӣ ва маблағгузории сарикасӣ гузаронида шуданд. Дар айни ҳол ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо таҷҳизоти компютерӣ таъмин мебошанд.

Мувофиқи квотаи Президенти Тоҷикистон дар соли хониши ҷорӣ 28 нафар ҷавонони ноҳия ба мактабҳои олии мамлакат қабул карда шуданд.

Дар баробари ин, дар ду муассисаи таҳсилоти касбие, ки дар қаламрави ноҳия вуҷуд дорад, ба ҷавонон касбҳои зарурӣ омӯзонида мешаванд. Вале заминаҳои моддиву техникии онҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунанд.

Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки ба эътидол овардани шароити муассисаҳои таҳсилоти касбии дар ҳудуди ноҳия амалкунандаро таъмин намоянд.

Ғайр аз ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки доир ба таъминоти мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо муаллимон, ки дар айни ҳол дар онҳо беш аз 200 нафар, аз ҷумла зиёда аз 60 нафар муаллимони забонҳои русиву англисӣ намерасанд ва баланд бардоштани самаранокии кори таълиму тарбия тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамзамон бо ин, ба Вазорати тандурустӣ низ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия масъалаҳои нарасидани духтурон ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемориҳои сироятиро, ки дар ноҳия афзоиш ёфтааст, ҳаллу фасл намояд.

Ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки доир ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва таълиму тарбияи онҳо, инчунин ба эътидол овардани вазъи китобхонаҳои ноҳия, ки 5 адади онҳо ҳанӯз дар хонаҳои истиқоматӣ фаъолият доранд, тадбирҳои лозимӣ андешанд.

Ҳамчунин бояд Кумитаи телевизион ва радио дар бораи васеъ гардонидани доираи фарогирии барномаҳои тамоми шабакаҳои телевизион ва радио, ки ҳанӯз на ҳамаи аҳолии ноҳия имконияти тамошо ва шунидани онҳоро доранд, чораҷӯӣ намояд.

Бояд зикр кард, ки ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳои ҷомеа аз тартиботи ҷамъиятӣ, риояи қонуният ва пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ вобаста аст.

Аз ин рӯ, ба сохторҳо ва мақомоти марказиву маҳаллии ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амният зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти таъмини волоияти қонун, риояи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳия пурзӯр намоянд.

Мо бо мақсади пешгирии сарфу харҷи беҳудаи мардум дар робита ба гузаронидани маъракаҳо Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуда, дар самти ба низом даровардани онҳо ба хеле пешрафтҳо ноил гардидем. Ин иқдом, пеш аз ҳама, дар бобати сабук гардонидани бори гарони зиндагии мардум нақши хеле муҳим бозид.

Вале чунон ки мушоҳида мегардад, дар масъалаи риояи муқаррароти қонуни мазкур дар баъзе ҷойҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Нуробод низ хилофкориҳо мавҷуданд.

Ҳол он, ки дар робита ба тамоми маросимҳо, аз ҷумла маъракаҳои хурсандиву азодорӣ қонун хусусияту анъанаҳои миллӣ ва фармудаҳои шариати исломиро ба назар гирифта, маҳз ба манфиати ҷомеа ва ҳар як оила амал мекунад ва риояи он барои ҳама ҳатмист.

Тавре ки чанде пеш дар симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 1310–солагии пири мазҳабамон Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит зикр кардам, Имоми Аъзам дар асоси Қуръони шариф ва ҳадисҳои пайғамбар молро аркони аслии ислоҳи ҳаёт, сабаби пешрафти халқу кишвар ва ниҳоят омили хушбахтии афрод, ҷомеа ва ҳатто силоҳи мӯъмин меҳисобад.

Ва дар ин замина мо набояд ба исрофкории моле, ки бо заҳмати зиёд ба даст меояд ва сарчашмаи ҳаёти шоиста мебошад, роҳ диҳем.

Дар робита ба ин, мо ҳоло масъалаи истифодаи сарфакоронаи барқу газ ва обро низ ба миён гузоштаем.

Зеро мардуми мо дар фасли тирамоҳу зимистон аз нарасидани барқ танқисии зиёд мекашанд. Аз ин рӯ, дар саросари кишвар ба истифодаи лампаҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ гузаштанро оғоз кардем, ки ин иқдом низ ба манфиати иқтисодии ҳар як оила ва умуман ҷомеа нигаронида шудааст.

Бузургон фармудаанд, ки талафи беҳуда ва исрофи мол эҳтиёҷмандиро ба вуҷуд меорад. Худатон қазоват намоед, ки ҳоло қарзи сокинони ноҳия аз истифодаи барқ дар маҷмӯъ ба дуюним миллион сомонӣ расидааст ва мардум дар пардохти саривақтии он душворӣ мекашанд.

Дар мавриди истифодаи сарфакоронаи барқ ва лампаҳои каммасраф мушкилоти онҳо дар ин масъала хеле сабук хоҳад гашт.

Бо истифода аз фурсат, ҳам ба сокинони ноҳияи Нуробод ва ҳам ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат менамоям, ки бо дарки манфиати иқтисодии худ иҷрои чорабиниҳои дар Фармони Президенти мамлакат аз моҳи апрели соли ҷорӣ «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» пешбинишударо сари вақт таъмин намоянд.

Зеро ин иқдом маҳз барои таъмини ҳарчи беҳтари аҳолӣ бо нерӯи барқ ва паст гардонидани шиддати норасоии он дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода андешида шуд.

Дар ин самт ҳар як хонавода ва ҳар як муассисаву ташкилот ва корхонаву хоҷагӣ истифодаи сарфаҷӯёнаи газ, гармӣ ва об, инчунин пардохти ҳаққи барқу газ ва гармиву оби истифодашударо низ набояд фаромӯш кунанд.

Дар хотир бояд дошт, ки танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем, эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва мардуми кишварамонро дар фасли зимистон бо мушкилоти камтар қонеъ гардонем.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба хотири таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.

Умедворем, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Нуробод минбаъд низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат дар тамоми самтҳои ҳаёт намунаи ибрат гардида, бо саъю талош ва иштироки фаъоли худ дар раванди созандагиву бунёдкорӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегиамон, инчунин ба таври сазовор пешвоз гирифтани 20-солагии истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон, ки онро 9-уми сентябри соли 2011 таҷлил хоҳем кард, саҳми арзанда мегузоранд.

Бо ҳамин умедҳои нек ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораки миллӣ – 15 – солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки рӯзҳои наздик таҷлил мегардад, инчунин Соли бузургдошти пешвои мазҳабамон – Имоми Аъзам табрик гуфта, ба ҳар хонавода рӯзгори хушу осуда ва барори кору зиндагӣ мехоҳам.

Орзумандам, ки ҳар як хонаи мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсту сарбаланди Нуробод ҳамеша пур аз нуру зиё бошад!

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520