Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсия Россия муҳтарам Владимир Путин

29.12.2020 15:24, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро бо муносибати фарорасии Соли Нави 2021-ум самимона табрик гуфтанд.

Дар қаринаи табрикоти худ Роҳбари давлати мо, аз ҷумла ба мардуми дӯсти Россия дар роҳи пешрафт ба сӯи шукуфоиву тараққӣ дар оянда ҳам собитқадамӣ орзу намуд.

Қайд карда шуд, ки ҷонибҳо, сарфи назар аз мушкилоти соли равони вобаста ба пандемияи коронавирус, тавонистанд, ки як силсила чорабиниҳои барои кишварҳои худ муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла раъйпурсии умумроссиягӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосии кишвар ва интихоботи парламентиву президентӣ дар Тоҷикистонро муваффақона анҷом диҳанд. Дар ин зимн ҳамчунин аҳаммияти чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ифодагари ҳамдилии халқҳои ду кишвар мебошанд, қайд карда шуд.

Дар рафти суҳбат президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои ду кишвар ва таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.

 Дар интиҳои суҳбат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуданд, ки саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо дар Соли нав низ натиҷабахш хоҳанд буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520