Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

30.12.2020 19:36, шаҳри Душанбе

Имрӯз  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев сурат гирифт.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар шахсияти ӯ мардуми бародари Қазоқистонро ба муносибати фарорасии Соли Нав самимона табрик намуда, барои   ҷомеаи  Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу намуд. 

Сарвари давлати мо ҳамчунин сипоси худро ба Нурсултан Назарбоев барои табрикоти гарму таманниёти нек ба унвони мардуми Тоҷикистон иброз дошт.

Дар рафти суҳбат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   густариши бомуваффақияти муносибатҳои зичи дӯстиву ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Тоҷикистону Қазоқистонро, сарфи назар аз   оқибатҳои манфии пандемия, қайд карданд.

Инчунин,  Сарвари давлати мо таъкид карданд, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Қазоқистон ба рӯйдоди муҳимми сиёсӣ – интихоботи парламентӣ омодагӣ мегирад. Дар ин иртибот ӯ ба сокинони Қазоқистон баргузории бомуваффақияти чорабинии мазкурро, ки омили боз ҳам бештар таҳким ёфтани субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад, таманно карданд.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштарак шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар тавсеа хоҳад ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520