Нимаи аввали имрӯз байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.
Ҳангоми сӯҳбат сарварони ду кишвари дӯст масоили мубрами равобити дуҷонибаро баррасӣ карда, ба ҷанбаҳои мухталифу мушаххаси он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар ин робита пружаҳое дар мадди назар буданд, ки ҷиҳати таҳкими ҳам муносибатҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба бо ҷалби кишварҳои ҳамҷавору ҳамсоя амалӣ хоҳанд шуд.
Ба ҳайси идомаи мантиқии мавзӯоти сӯҳбат равобити минтақавӣ ва байналмилалии ду кишвар низ мавриди мусоҳибаву баррасӣ қарор доштанд.