Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

22.01.2021 11:27, шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  22.01.2021

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Осорхонаи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Мақсад аз он тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Бо дарназардошти мақому манзалати барҷастаи Донишгоҳ, Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2020 оид ба таъсис додани осорхонаи нав ҷиҳати инъикоси давраи таҳсили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм, хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи Донишгоҳ, нишон додани дастовардҳои бонуфузтарин мактаби олии кишвар дар шароити имрӯза ва нақши он дар рушди маориф, худшиносӣ, ифтихор аз ватан ва арзу сипоси устодон ва донишҷӯён ба ватану миллат ва Пешвои муаззами хеш, қарор қабул карданд.

Таъсиси Осорхона меҳрнома ва арзи сипоси ҳайати зиёда аз дуҳазорнафараи  кормандону олимон ва зиёда аз 25-ҳазорнафараи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хатмкардаи Факултаи иқтисодиёти Донишгоҳ дар солҳои 1977-1982, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Донишҳои андӯхтаи Сарвари давлат дар оғӯши ин даргоҳи илму маърифат имкон доданд, то ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расида, миллату ватани маҳбубро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд, давлати навини тоҷиконро эҳё ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ ва роҳбари тоҷикони ҷаҳон эътироф гарданд.

Осорхонаи Пешвои миллат мутобиқ ба  талаботи замони муосир, бо дарназардошти аслият ва мазмуну мундариҷаи нигораҳо таъсис дода шуда, ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, ифтихормандӣ ва завқи эстетикии  бинандаро дучанд менамояд.

Экспонатҳои осорхона овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин муассиса фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони Донишгоҳ ва ғайраҳо дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ мешаванд.

Осорхона аз утоқи пазироӣ ва 2-толор: Толори “Таҳсил” ва “Истиқлол” иборат буда, нигораҳо аз нигоҳи таърихӣ мураттаб шудаанд. Масалан, дар тарафи девори рости “Утоқи пазироӣ” Нишони давлатии Тоҷикистон дар гаҷ ҳаккокӣ гардида, аз тарафи чап Парчами давлатӣ гузошта шудааст. Дар рӯ ба рӯи дари даромад мизи ҳаштгӯшаи кандакоришуда бо курсиҳо гузошта шудааст. Сақфи бино бо кандакориҳои чӯбин пӯшонида шудааст, ки маҳсули дасти донишҷӯёни Коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов мебошад.

Дар даромадгоҳи толори “Таҳсил” бошад, мизи донишҷӯёни солҳои 70- 80-уми асри ХХ, ки Пешвои миллат дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Ин ва дигар нигораҳо, ки аллакай моли таърих дониста мешаванд, ҷолибу диданӣ буда, таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб менамоянд. Дар ҳамин толор, инчунин китобҳои таълимӣ аз фанни иқтисодиёт ҷой дода шудаанд. Дар 3 равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Дар девор акси ректорони Донишгоҳ то давраи истиқлолият гузошта шуда, толорро ҳамчунин акси устодони Факултети баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯи ин факулта Эмомалӣ Раҳмон баъди супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, расми якҷояи ҳамсабақони Пешвои миллат ва нигораҳои кандакоришуда ороиш медиҳанд.

Композитсияи китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон-таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна” чопи соли 1972 дар лавҳаи чӯбин, бозёфтҳои донишҷӯёни факултети таърих ҳангоми таҷрибаомӯзии археологӣ дар ноҳияи Фархор ва нигораҳои кандакоришуда толорро боз ҳам пурра мегардонанд. Ду сутуни толор бо тасвири нақшҳои Мақбараи Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ  кандакорӣ шудаанд.

Толори “Истиқлол”-и ин Осорхона ба ташрифҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастовардҳои Донишгоҳ дар 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ҳамин толор, инчунин аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда гузошта шудааст.

Осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маводҳои ба Пешвои миллат бахшидашуда гӯшаи дигари ин толори барҳаворо зинат мебахшад.

Дастовардҳои олимони Донишгоҳ низ дар растаҳои ин толор ба намоиш гузошта шудааст. Сақфи бино бо гаҷкориҳои миллӣ оро ёфта, асарҳои рассомони тоҷик дар ҷойҳои мувофиқ овезон карда шудаанд.

Дар маҷмуъ Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф буда, барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ роҳнамои арзанда хоҳад гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520