Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе

12.10.2009 17:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуд.

Маросими ифтитоҳи маркази фарҳангии исмоилия бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони - 4 баргузор гашт.

Дар маросими мазкур ҳамчунин масъулини зиёд аз Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, меҳмонони хориҷӣ ва як зумра пайравони шохаи исмоилияи дини Ислом иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ифтитоҳи маркази фарҳангии исмоилияро дар Тоҷикистон, ки нахустин чунин марказ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва 5 - умин дар ҷаҳон аст, ба онҳо табрику таҳният гуфт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон кушода шудани маркази исмоилиёнро нишонаи возеҳ аз пайравӣ ба фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва гуногунрангӣ, ки дар таълимоти Имоми Аъзам Абӯҳанифа мақоми марказӣ дорад, маънидод кард.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки «ҳамаи мову шумо як Парвардигор, як Пайғамбар ва як Қуръон дорем ва дар зиндагии рӯҳонии ҳаррӯзаамон ҳамчун мӯъмин фармудаҳои онҳоро ба ҷо меорем. Аз ин лиҳоз, пайравони исмоилия низ бояд чун ҳамеша дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ки бузургтарин ва азизтарини онҳо ваҳдати миллӣ мебошад, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм фаъолона саҳм гузоранд».

Хотирнишон карда шуд, ки «мо ҳамчун миллати талхии ҷанги шаҳрвандиро чашида муҳимтар аз ҳама бояд сулҳу субот, амнияти давлату ҷомеа ва ваҳдати миллиро эҳтиёт ва ҳифз кунем ва танҳо дар доираи Конститутсия ва қонун амал намоем».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон озодона риоя ва иҷро намудани расму оини миллию мазҳабӣ ва таъмин гаштани дигар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро аз самараҳои неку фараҳбахши истиқлоли давлатии кишвар ва оромию суботи ҷомеа арзёбӣ намуда, бори дигар ҳамагонро ба арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони муосир, фазои сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ ҳидоят намуд.

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони - 4 низ дар навбати худ аҳли нишастро бо ин рӯйдоди муҳим табрику таҳният гуфта, вуҷуди фарҳангҳо ва расму ойини гуногуни мардумони мусулмонро аз фазилатҳои олами Ислом маънидод кард.

Зимни шиносоӣ бо тарҳу намои дохилии бинои маркази фарҳангии исмоилиён, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо тарзу усулҳои бостонию муосири меъмории тоҷикӣ бунёд шуда, сақфи утоқу толорҳо бо чӯбкории хоси тоҷикони Бадахшон оро ёфтааст.

Бунёди ин марказ, масҷиду чойхонаҳои боҳашамат ва дигар иншооти фарҳангӣ, ки дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон имрӯз ба назар мерасанд, намунаҳои возеҳи эҳё гаштани фарҳанги шаҳрдорию биносозӣ ва меъмории тоҷикон, ки таърихи чандҳазорсола дорад, арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520