Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз КВД "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ"-и Агентии таъминоти амволи махсус дар вилояти Суғд

03.02.2021 13:11, шаҳри Бӯстон
Боздид аз КВД "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ"-и Агентии таъминоти амволи махсус дар вилояти Суғд  03.02.2021

Имрӯз ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон аз фаъолияти Корхонаҳои воҳиди давлатии "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ"-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо карданд.

Нахуст, Пешвои миллат аз намоиши дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан, ки дар саҳни корхона ташкил карда шуд, дидан карданд. Номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан, ки бештари онҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии Агентӣ дар ҳудуди вилояти Суғд парвариш карда мешаванд, ба намоиш гузошта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ дар Ҷамоати шаҳраки “Палос”-и шаҳри Бӯстон бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудаанд. 16 ноябри соли 2017 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корхонаҳои истеҳсолӣ ифтитоҳ карда шуд. Ҳадаф аз таъсиси коргоҳҳои мазкур таъминоти ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо сару либоси низомӣ ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, хусусан бонувони маҳаллӣ мебошад. Бинои коргоҳҳои истеҳсоли либоси низомӣ ва пойафзол бо шароити зарурӣ таъмин карда шуда, дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошанд.

Тибқи нақша, дар коргоҳҳои мазкур либосҳо барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пойафзол барои аскарону афсарон ба роҳ монда шудааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи истеҳсоли пойафзол 50 нафар фаъолият менамоянд ва дар коргоҳи дӯзандагӣ бошад, 150 нафар бонувони маҳаллӣ ба дӯхти сару либоси низомӣ машғул мебошанд. Дар баробари бонувон ба духти либоси низомӣ ва пойафзолбарорӣ сарбозон низ ҷалб гардидаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолии ин коргоҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои таъмин кардани сохторҳои қудратии мамлакат бо сару либоси истеҳсоли худӣ дар ҳама мавсимҳои сол, боз ҳам равнақ бахшидани фаъолият ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба иттилои масъулон иқтидори истеҳсолии коргоҳи пойафзол 15 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, дар ин коргоҳ ашёи хом асосан, аз Федератсияи Россия дастрас гардида, пойафзоли босифати чармӣ истеҳсол карда мешавад. Масъулон нақша доранд, ки дар раванди истеҳсолот маҳсулоти хомро аз корхонаҳои ватанӣ дастрас намоянд ва аллакай шартномаҳо дар ин самт баста шудаанд. Дар коргоҳи пойафзолбарорӣ раванди кор аксаран дастӣ сурат мегирад ва мутахассисон бо истифода аз таҷрибаи баланд пойафзоли босифат барои сарбозону афсарон истеҳсол менамоянд.

Қаблан молу маводе, ки айни ҳол дар Корхонаи воҳиди давлатии "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ"-и Агентӣ истеҳсол мешаванд, пурра аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд. Соли 2020 аз рӯйи нақша қариб 20 ҳазор маҷмӯи сару либоси низомӣ дар корхона истеҳсол карда шуда, масъулон азм доранд, ки соли равон иқтидори истеҳсолиро боз ҳам афзоиш диҳанд. Либоси истеҳсолкардаи ин корхона бо сифати баланд ва шаклу андозаҳои гуногун барои мавсимҳои тобистону зимистон дӯхта мешаванд.

Ҳоло бо фароҳам шудани имконияти мусоиди фаъолият дӯхти либос барои гурӯҳҳои таъиноти махсуси мақомоти қудратии кишвар низ ба роҳ монда шудааст, ки дорои сифати баланд аст. Маврид ба зикр аст, дар шаҳри Бӯстон Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки масоҳати умумии он 14 ҳазору 86 гектарро дар бар мегирад. Дар заминҳои корхона сабзавот, донагӣ, ғалла, пахта ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш ва ҷамъоварӣ шуда, ба ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дастрас карда мешавад. Ҳамчунин дар корхона парвариши чорвои калону майда низ ба роҳ монда шудааст. Корхона дорои техникаи гуногуни кишоварзӣ буда, дар он 130 нафар кор мекунанд.

Лозим ба зикри хос аст, ки дар заминаи дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ пурра бо маводи ғизоӣ, сару либоси низомӣ ва пойафзоли босифат аз ҳисоби корхонаву коргоҳҳои Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати назорати фаъолияти муназзами коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ ба роҳбарияти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520