Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз гармхонаи ҶДММ “ММК Агро” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

03.02.2021 13:16, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Боздид аз гармхонаи ҶДММ “ММК Агро” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   03.02.2021

3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро” дидан намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили помидор ширкат варзиданд.

Иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, ҳандалак ва дигар намуди сабзавот бо охирин насли технологияи инноватсионӣ парвариш карда мешаванд.

Гармхонаи инноватсионӣ аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров дар соли 2020 дар масоҳати 2 гектар ташкил гардида, он ба ду қисм - гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо шудааст. Технологияи парвариш аз Кореяи Ҷанубӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар як гектари гармхона чор намуди помидор, “Алая каравела”, “Адреатика”, “Розовий биче сердса” ва “Дафниc” пухта расидааст.

Ин навъи помидорҳо ба иқлим мувофиқ кунонида шуда, серхаридор ва ба касалиҳои гуногун тобовар мебошад.

Парваришу нигоҳубини тухмии навъҳои помидор ва дигар намуди сабзавот ба таври автоматӣ иҷро гардида, барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд нуриҳои гуногун тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад.

Помидоре, ки дар гармхонаи “ММК Агро” пухта расидааст, моҳи август аз тухм кишт шуда буд. Имрӯз бошад, дар натиҷаи заҳмати коргарон он ғарқи ҳосил аст. Ба тахмини хоҷагидорон аз ин як гектар гармхона гирифтани 120 то 150 тонна помидори баландсифат имконпазир аст. Маҳсулоти омодашуда, самараи қисмати гидропоникаи гармхона мебошад.

Дар қисми органикии гармхона, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо бошад, амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм нигоҳ дошта мешавад.

Дар ин қисми гармхона сабзиши кучати булғорӣ, помидор ва ҳандалак таъмин карда мешавад.

Дар гармхона 40 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши баланд таъмин мебошанд.

Зимни боздид аз имкониятҳо ва шароити мусоиди корӣ дар гармхонаи инноватсионӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, бобати равнақ бахшидани гармхонадорӣ бо ин усул дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520