Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими оғози сохтмони масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе

05.10.2009 10:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди меҳмонони хориҷӣ ва аҳли ҷамоаи пойтахт дар маросими оғози сохтмони як масҷиди бузург, ки барои 150 ҳазор нафар намозгузорон пешбинӣ шудааст, иштирок ва суханронӣ намуд.

Чорабиниҳои марказии бахшида ба 1310 – солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ субҳи имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои зиёди ҷаҳон дар маросими оғози сохтмони бузургтарин масҷиди ҷомеи Тоҷикистон оғоз ёфтанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар тантанаҳои идона ва чорабиниҳои илмию маърифатии бахшида ба ин ҷашни мумтоз зиёда аз 500 нафар олимону мутафаккирони барҷаста ва ходимону арбоби давлатӣ аз 50 кишвари ҷаҳон ташриф овардаанд.

Ин маросими фараҳбахш бо қироати чанд ояти карима аз Қуръони Маҷид оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди анбӯҳи зиёди меҳмонони хориҷӣ ва аҳли ҷамоаи пойтахт суханронӣ намуда, бо арзи шукру хушнудӣ аз паёмадҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки эҳёи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва динию мазҳабӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд, оғози сохтмони яке аз бузургтарин масҷидҳои ҷомеи ҷаҳонро дар шаҳри Душанбе барои ҳозирин ва кулли мардуми кишвар шодбош гуфт.

Дар ин маросими дилкушо ҳамчунин Вазири давлатии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Аттия, Раиси ширкати Аднон Сафаринии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Сафарини, Имоми Акбари Донишгоҳи ал- Азҳари шарифи Ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантовӣ ва намояндаи Арабистони Саудӣ -Дабири кулли Кумитаи ҷаҳонии ҳифзи Қуръон Карим Абдулло ибни Алӣ Басфар суханронӣ намуда, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи онҳое, ки ба иҷрои чунин кори хайру савоб иқдом пеш гирифтаанд, арзи қадрдонӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандону шахсиятҳои воломақоми хориҷӣ, ки дар ин маросим иштирок доштанд, санги асоси ин масҷиди камназирро гузошта, бо дуои неки пирони рӯзгордида ба сохтмони он оғози расмӣ бахшиданд.

Бояд хотиррасон намуд, ки масҷиди мазкур бо маблағҳои хайрияи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Амири Давлати Қатар аз ҷониби ширкати сохтмонии Аднон Сафаринии Амороти Муттаҳидаи Араб дар муддати 5 соли оянда бунёд хоҳад ёфт. Мутобиқи лоиҳа дар дохил ва долонҳою атрофи масҷид дар як вақт то 150 ҳазор нафар метавонанд намоз хонанд. Танҳо дар толори асосии намозхонӣ барои 50 ҳазор нафар ҷой омода хоҳад шуд.

Ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд.

Атрофи масҷид бо манораи боҳашамат, 7 сутуни зебои мунаққашу мусаввар, ки рамзи ҳафт қабати замину осмон ва дарвозаҳои биҳиштанд, кӯл ва фаввораҳои зиёд, ки аз кишвари обҳои софу зулол будани Тоҷикистон башорат медиҳанд ва бисёр унсурҳои дигари фарҳангӣ оро дода мешавад.

Замини зери бино шакли харитаи Тоҷикистонро бо худ таҷассум хоҳад кард, ки яке аз пешниҳодҳо ва талабҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз меъморону тарроҳони лоиҳа аст.

Ҳамчунин қобили таъкид аст, ки бо пешниҳоду маслиҳатҳои мушаххаси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, аз ҷумла дар тарҳи умумии биноҳо, манораи баландиаш беш аз 100 метр, нақшу нигори деворҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи масҷиди мазкур ҳамчунин як донишгоҳи бузурги исломӣ бунёд хоҳад ёфт.

Умуман ин на танҳо як масҷид балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда шаванд, аз ҷумла саммитҳои сарони давлатҳо.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520