Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок ва суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор

04.10.2009 13:00, шаҳри Ҳисор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеи деҳаи Тӯда, ки дар чаҳорчӯби тадбирҳои бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам бунёд ёфтааст, иштирок ва суханронӣ намуд.

Маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеи деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, ки бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, як навъ башорат аз оғози чорабиниҳои марказии ҷашнӣ бахшида ба 1310 - солагии Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам гашт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро мардуми ноҳияи Ҳисор ва меҳмонони сершумори ин ҳамоиши фараҳбахш бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатоварию маърифатпарварӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо шодию нишот истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти масҷиди нави ҷомеъ, ки имрӯз аз калонтарин намозгоҳҳои мусулмонони кишвар аст, бо дуою фотеҳаи пирони рӯзгордида ва олимону ходимони дин оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки ин масҷид дар ҷойи намозгоҳи қадимаи мусулмонони деҳоти атроф, ки ба харобӣ расида буд, бунёд ёфта, барои беш аз 10 ҳазор намозгузорон дар як вақт пешбинӣ шудааст. Ин намозгоҳи боҳашамати нав аз ҳисоби маблағҳои хайрияи афроди саховатпешаи ноҳияи Ҳисор дар зарфи 4 сол бунёд ёфтааст.

Дар қабати дуюми намозгоҳ ҳамчунин китобхона, осорхона ва утоқҳои омӯзиши технологияҳои компютерӣ бунёд ёфта, онро ба як маркази бузурги илму фарҳанги исломӣ табдил медиҳад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии ин намозгоҳи бузург дар ҳузури анбӯҳи сершумори мардум суханронӣ намуда, онҳо ва ҳамаи ҳамватанонро бо таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва ифтитоҳи ин иншооти боҳашамат табрику таҳният гуфт.

Зимни суханронӣ, аз ҷумла таъкид гардид, ки рисолати асосии масҷид ва ходимони дин тарғиби ростӣ ва тарзи дурусту оқилонаи зиндагӣ, ҳидоят кардани мусулмонон ба корҳои хайру савоб, тарбияи фарзандон, таҳким бахшидани пайвандҳои дӯстию бародарӣ ва ваҳдати ҳамаи мусулмонон мебошад. «Ба ибораи дигар, масҷид набояд минбари таблиғи ақидаву андешаҳои ифротӣ ва тундравона, тассубу хурофот ва ихтилофу парокандагӣ, балки ҳамчун макони раҳнамоии мардум ба муттаҳидӣ, ободгарӣ ва кӯмак ба ҳамдигар бошад», изҳор дошт Сарвари давлат.

Дар суханронӣ ҳамчунин таъкид гардид: «Мо дар баробари арҷгузорӣ ба шахсияти бузургмардони миллатамон ва омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи осори онҳо вазифадорем, ки ин мероси ҷовидониро ба хотири зиндагии осудаи мардум ва парвариши ҷавонон дар рӯҳияи башардӯстию инсонпарварӣ, ватанхоҳию ватанпарварӣ, илму ҳунаромӯзӣ ва ахлоқи ҳамида истифода барем».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар ҳидоят намуда, изҳор дошт, ки савобу манфиати илму ҳунаромӯзӣ бо ибодат кардан баробар аст ва ин гуфтаи худро бо як ҳадиси набавӣ тақвият бахшид: «Ҳеҷ кас беҳтар аз он таоме нахӯрда, ки аз меҳнати худи ӯ бошад».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз манфиатҳои расондаи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ёдовар шуда, мардумро ба идомаи риояи қонуни мазкур ва истифода аз лампаҳои каммасрафи барқӣ ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба анҷом додани корҳои хайру савоби шахсони саховатманду ҳимматбаланд таъкид намуд, ки «сохтани масҷид, албатта, кори савоб аст, вале агар ба он зарурат бошад» ва афзуд, ки савобу шафоат аз бунёд ва ё таъмиру тармими мактабу бемористон, роҳу пулҳо ва дигар корҳои наку низ аз бунёди масҷид камтар нахоҳад буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки масҷид бо номи Имоми Аъзам номгузорӣ карда шавад.

Дар охир Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба як зумра суолу дархостҳои мардуми ҷамъомада посух дод. Намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои тадбирҳои арзишманди фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бузургдошти шоистаи Имоми Аъзам ва ҳидояти мардум ба корҳои хайру савоб самимона арзи сипос намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520