Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати ҷашни Наврўз

21.03.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод - Наврўзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рўзу рўзгори нав фаро расид.

Ва имрўз мову шумо фарорасии ин рўзи муборак, яъне Наврўзи 20-солагии истиқлоли давлатиамонро дар ин майдони бо заҳмати дастони мардуми ободгарамон зебову ороста, дар пойтахти давлати соҳибихтиёри худ истиқбол мегирем.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанонамонро, ки берун аз Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд, инчунин тамоми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонони бурунмарзиро самимона табрику шодбош мегўям.

Мо аз рисолаву осори бахшида ба Наврўз ва наврўзномаҳои сершумори гузаштагонамон хуб медонем, ки ниёгони мо ҳанўз аз замони шоҳ ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дўстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукўҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд.

Зеро он тибқи илми ситорашиносӣ ба нахустрўзи офаринишу баҳор, рўидани сабзаву ҷон гирифтани рўдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рўз рост меояд.

Яъне Наврўз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад.

Ва ҷашни баробарии шабу рўз дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонҳо дар рўи замин ба шумор меравад.

Аз ин рў, ниёгони арҷманди мо якдигарро ба муносибати фарорасии чунин як ҷашни аз лиҳози эҳтироми қадру шарафи инсонҳо камназир шодбош мегуфтанд.

ҷашни Наврўз дар тўли асрҳо дар баробари ин, ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накўкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст.

Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ шудани Наврўзи Аҷам, бешубҳа, дар ҳамин аст.

Боиси ифтихори мо, мардуми ориёитабор аст, ки соли гузашта Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси ташаббуси Тоҷикистон ва бо пуштибонии чандин давлатҳои дигар доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврўзи Аҷам қатънома қабул кард.

Ҳамватанони гиромӣ!
Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврўз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рўзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғўши пурмеҳр истиқбол мегиранд.

Мо дар рўзҳои ҷашни Наврўз тантанаи воқеии шиори абадзиндаи ниёгони хирадмандамон - «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек»-ро мушоҳида мекунем.

Вобаста ба ин, мехоҳам ба тамоми мардуми фарҳангиву шарифи Тоҷикистон хотирнишон созам, ки ин шиори пурфазилату пурманфиати гузаштагонамонро, ки пояи ҷовидонии суботу оромии ҷомеа, дўстиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии мо ва умуман иттиҳоди байни инсонҳо мебошад, дастури амали ҳаррўзаи худ қарор диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки сарнавишти ҷашни Наврўз дар масири таърихи пурмоҷаро ва фоҷеабори мардуми мо барои ҳар фарди огоҳ ва бедордили ҷомеа дарси ибрат бояд бошад.

Зеро ғосибони сарзамини аҷдодии мо ва бадхоҳони фарҳанги пурғановати Аҷам барои аз байн бурдану ба зиндони фаромўшӣ афкандани ин ҷашни зебои мардумамон кўшишҳои зиёде кардаанд.

Лекин бо вуҷуди ин ҳама фишороварӣ ва эҷод кардани маҳдудиятҳо ба шарофати иродаи мустаҳкаму азми қавии гузаштагони меҳандўстамон ва талошҳои пайваставу ҷонсўзонаи фарзандони бохираду дурандеши халқамон ҷашни Наврўз дар баробари бисёр анъанаву оинҳои қадимаву арзишмандамон бо ҳама суннату русуми некаш ҳифз гардид.

Дар ин рўзи муборак ба рўҳи ҳамаи он инсонҳои шарифу ватанпарвар дуруд мефиристем, ки ин ҳам як суннати неки Наврўзӣ мебошад.
Вале ҳақиқат ин аст, ки танҳо баъди соҳиби истиқлоли давлатӣ шудани Тоҷикистони азиз ҷашни Наврўз умри дубора ёфт ва имрўз дар саросари мамлакат бо шукўҳу шаҳомати бемисл таҷлил мегардад.

Ҳамватанони азиз!
Бо омад-омади Наврўз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад. Хуршеди пурҳарорати наврўзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накўкорӣ ва созандагиро бедор мекунад.

Дар тўли солҳои истиқлолият дар мамлакати мо ба муносибати ҷашнҳои давлативу миллӣ, аз ҷумла Наврўз аз рўи анъанаи нек садҳо ҳазор буттаҳои сояафкан шинонида, боғҳои нави дарахтони мевадиҳанда ва токзор бунёд мегарданд, биноҳои нави истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, муассисаҳои таьлимиву тиббӣ ва фарҳангӣ, корхонаву дигар иншооти истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки ҳисоби умумии онҳо то ба имрўз ба ҳазорҳо мерасад.

Иншооти зебову бошукўҳе, ки ин лаҳзаҳо мову шуморо гирди ҳам овардааст, аз ҷумлаи ободкориҳои мардуми шаҳрсозу шаҳрдор ва ободгару созандаи мо ба истиқболи ҷашнҳои бузурги милливу давлатиамон мебошад.

Ин майдон ва иншооти гирду атрофи он, ки масоҳати 28 гектарро дарбар мегирад, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо сарфи қариб 32 миллион сомонӣ имрўз дар хизмати мардуми пойтахт ва меҳмонони он омода шудааст ва дар он барои гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангиву фароғатӣ тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла тамошогоҳ бо 8000 ҷои нишаст, толори варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона ва дигар утоқу биноҳои ёрирасон дар сатҳи баланд пешбинӣ шудаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин маҷмааи мўҳташам саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда, ба хотири бузургдошти зеботарин ҷашни миллиамон – Наврўз пешниҳод менамоям, ки он Наврўзгоҳ номгузорӣ гардад.

Умед аст, ки манзилу биноҳои сохтаи бинокорони гулдасти мо ҳамеша ободу дар хизмати мардум бошанд, корхонаҳо ва иншооти истеҳсолӣ ба рўзгори ҳамватанонамон файзу баракат бахшанд ва боғҳо сарсабзу шаҳдбор шаванд.

Боз як суннати беҳтарини Наврўз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати маъюбон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату мўҳтоҷон дасти мадад дароз мекунанд.

Имрўзҳо бо ташаббуси чунин шахсони ҳимматбаланд ҳазорҳо хатнасур ва тўйҳои арўсии дастаҷамъона баргузор шуда истодаанд, ки ин иқдоми наҷиб, албатта, ҳам файзу баракати ҷомеа ва ҳам шукўҳу ҷалоли Наврўзро бештар мегардонад.

Беҳтарин дастоварду хушбахтии инсон дар фазои сулҳу субот бо ёру бародарон зистан мебошад.

Бузургони илму адаби мо ҳамин дўстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд.

Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрўз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврўзро таҷлил менамоем.

ҳоло мардуми Тоҷикистон ба ифтихори боз як ҷашни муборак ва муқаддаси кишвари озоду соҳибистиқлоламон – бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирад.

Барои истиқболи арзандаи он ба ҳар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рўзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшад, инчунин дар раванди созандагиву ободонии Ватани аҷдодиамон ва то ин санаи таърихӣ ба анҷом расонидани бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар нақшаҳои неки қабулгардида саҳми ватандўстона гузорад.

Дар охир фарорасии Наврўзи оламафрўзро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо таҷлил мекунанд, бори дигар табрик гуфта, ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунам, ки бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадони тоҷик арзонӣ дорад, сулҳу субот ва ваҳдати миллии моро ҷовидонӣ гардонад ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.

Наврўзатон муборак бод, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520