Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф

29.03.2021 18:39, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф  29.03.2021

29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки барои иштирок дар Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, саноат, нақлиёт, маориф, илм ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар ин арсаҳо нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар муҳим хоҳад буд.

Сохтмони нақби “Истиқлол” яке аз намунаҳои мусбати ҳамкориҳои байни ду кишвар арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи Қарордод “Дар хусуси анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби Истиқлол” корҳо дар самти такмили сохтмони ин нақб то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон ба анҷом хоҳанд расид.

Дар робита ба равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геостратегӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳои амниятӣ ва вазъи Афғонистон, роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520