Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд

07.04.2021 09:04, шаҳри Хуҷанд
Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд  07.04.2021

7 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ як силсила иншоти таъиноти гуногун бунёд ва тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520