Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

07.04.2021 10:51, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ба истифода додани Маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  07.04.2021

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамчунин дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст - Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд гардидааст.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир боз 40 чойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2015 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи апрели соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расид.

Иншоот бо тарҳу усули муосир дар масоҳати умумии 2618 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду бинои чорошёна ва таҳхона иборат мебошад. Барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ, ки аз давлатҳои Туркия Ҳиндустон ва Чин дастрас гардидаанд, насбу васл гардидааст ва марказ дорои лабаратория ва 30 ҳуҷраи хоби беморон бо 60 кат барои беморон мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои маркази мазкур 22-ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайдгирӣ, гушаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, ҳуҷраи гӯшу гулуву бинӣ, асабшинос, бемориҳои даруна, табобати дандон ва урологӣ ҷойгир мебошад.

Маркази ташхисиву табобатии “Тибби Сино” ҳамчунин дорои Шӯъбаи дилу рагҳо, шӯъбаи бемориҳои занона ва даруна, шӯъбаи асаб ва шӯъбаи ҷарроҳӣ буда, дар он яке аз амалиётҳои нозуку мураккаб - ҷарроҳии гирифтани чурраи байнимуҳрагӣ ба таври эндоҷарроҳӣ гузаронида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоии иншооти мазкур баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба табибон ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520