Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” дар шаҳри Истаравшан

08.04.2021 10:50, шаҳри Истаравшан

8 апрел дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти Кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” оғоз бахшиданд.

Муассисаи мазкур дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъмории шарқиёна аз ҷониби соҳибкор Аскар Эшонов бунёд гардидааст. Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 0,30 садяк замин доман густурда, аз ду ошёна иборат аст. Кӯдакистон дорои толорҳои машғулият, бозии кӯдакон, мусиқӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар ин муассиса омӯзиш бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии “Хурсандӣ” барои 200 кӯдак пешбинӣ гардида, таълим мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт. Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, дар боғчаи навбунёд 30 нафар мураббӣ тариқи озмун ба кор ҷалб гардида, онҳо дорои малакаи хуби касбӣ мебошанд. Ҳамчунин барои ба кӯдакистон овардан ва баъди машғулиятҳо ба хонаҳо баргардонидани кӯдакон 3 микроавтобус харидорӣ шудааст.

Пешвои муаззами миллат зимни боздид аз шароити таълим ва суҳбат бо мураббиёну тарбиятгирандагон, ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, маорифчиёнро ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагон тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Маорифчиёни шаҳри Истаравшан ифтитоҳи иншооти нави соҳавиро дар самти рушди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр ва татбиқи амалии дастури Президенти мамлакат ҷиҳати то 30 фоиз фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ муассир арзёбӣ намуданд.

Намои дохилу берунаи бино бо санъати баланди меъмории миллӣ зебу оро дода шуда, барои истироҳату бозии кӯдакон 2 суҳбаткада ва чатрҳои соядиҳанда насб гардидааст.

Раванди сабзкорию ободонӣ ва чароғонкунӣ дар иншоот ба таври доимӣ назорат ва атрофи он бо гулу дарахтони ҳамешасабзу мавсимӣ зебо гардонида шудааст. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520