Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхона ва маркази хизматрасонии “Истаравшан”

08.04.2021 10:52, шаҳри Истаравшан
Ифтитоҳи меҳмонхона ва маркази хизматрасонии “Истаравшан”   08.04.2021

8 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии “Истаравшан”-ро ифтитоҳ намуданд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи мазкур дар доираи татбиқи амалии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бунёд гардида, бо ба истифода додани он 15 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 6 садяк замин доман густурда, худи бино дар масоҳати 375 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Бино аз 5 ошёна иборат буда, қабати якум аз мағозаи фурӯши мебел ва армуғон иборат буда, қабатҳои болоӣ аз меҳмонхона иборат мебошанд.

Меҳмонхона аз 20 ҳуҷра иборат буда, имкони дар як вақт ба 40 нафар хизмат расониданро дорад. Тарҳу намои бино ба талаботи меъмории муосир ҷавобгӯ буда, дар он тамоми унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст. Атрофи бино чароғону сабзкорӣ шуда, ҳамчунин барои 50 нақлиёт тавақуфгоҳ бунёд гардидааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ ва имкониятҳои мавҷудаи бино, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, фаъолияти онро дар васеъгардонии инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ нек арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат ҷиҳати муаррифии бештари таъриху фарҳанг, урфу одат, меҳмоннавозии тоҷикона, ҷалби мутахассисони касбӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ  ба соҳибкорон дастуру супоришҳои муфид доданд.

Қобил ба зикр аст, ки феълан дар шаҳри Истаравшан 5 меҳмонхона, 6 мавзеи сайёҳӣ, 8 тарабхона, 3 осорхона, 153 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фарҳангӣ фаъолияти босамар доранд. Бунёди даҳҳо иншооти дигар идома дошта, ҳамаи онҳо то истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд, ки барои таъсиси ҷойҳои корӣ, дар беҳтар шудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидати фаъол мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520