Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёди боғи интенсивӣ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ

09.04.2021 10:11, шаҳри Исфара
Бунёди боғи интенсивӣ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ   09.04.2021

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух ба бунёди боғи интенсивӣ бо шинонидани ниҳолҳои себ оғоз бахшиданд.

Дар боғи мазкур дар як гектар 1250 бех ниҳол дар асоси тавсияи мутахассисон шинонида шудааст. Дар маҷмӯъ ниҳолҳои боғи навбунёд 3900 бехро ташкил медиҳад.

Масоҳати боғи мазкур 2,4 гектарро дар бар гирифта, ташкили он дар ҷойи боғи кӯҳна бо истифода аз ниҳолҳои серҳосили себҳои навъи “Гала” ва “Стракримсон” ба роҳ монда шудааст.

Дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар маҷмуъ майдони боғҳо беш аз ҳазор гектарро дар бар гирифта, хоҷагидорон дар панҷ соли охир дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020” бо истифода аз заминҳои бекорхобида ва талу теппаҳо 76 гектар боғи донакдор ва тухмдори замонавӣ бунёд намудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух дар заминаи дастгириҳои давлатӣ ва ҳавасмандии кишоварзон дар самти сердаромад будани ин бахши хоҷагидорӣ ташкил гардида, дар оянда масоҳати чунин боғҳо боз ҳам афзоиш дода мешавад.

Дар деҳоти Ворух соли 2020-ум 17,5 гектар ва соли 2021-ум 21 гектар боғи нав бунёд карда шудааст. Дар ин давра мутаносибан 16,5 ва 28 гектар боғи кӯҳна барқарор гардидааст.

Боғдорони деҳоти Ворух ҳамасола дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда талош бар он мекунанд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо боғпарварон ташаббуси хоҷагидоронро дар ин самт намуна арзёбӣ намуда, ҷиҳати бештар баҳрабардорӣ намудан аз имтиёзҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

Бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити кунунӣ баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хуштамъу лазизи ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар самти боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат низ мусоидати ҷиддӣ мекунад.

Аҳли заҳмати Ворух баробари боғдорӣ дар кишту парвариши зироати гуногун низ таҷрибаи ғанӣ дошта, заминҳои дар ихтиёрдоштаро пурсамару мақсаднок истифода мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии хоҷагиҳои инфиродӣ ва оилавӣ дар ин деҳоти шаҳри Исфара ба 2196 адад мерасад ва боғдорону кишоварзон ҳамасола истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла меваҳои содиротиро афзоиш медиҳанд.

Боғдорони деҳоти Ворух соли 2020 - 4400 тонна мева истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намудаанд.

Саҳмдорони Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Роҳбари давлат дар байни қатори ниҳолҳои боғи интенсивӣ дар асоси маслиҳати мутахассисон кишти картошкаи навъи “Санто” ва “Пикассо”-ро ба роҳ мондаанд.

Ин иқдом бо мақсади истифодаи пурсамари заминҳои корам ва таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти худӣ дар вазъияти кунунии ҷаҳони муосир рӯи даст гирифта шудааст.

Деҳоти Ворух дорои обу иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ буда, аҳли заҳмати он барои таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста талош мекунанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, соли гузашта хоҷагидорони деҳот дар майдони 221,8 гектар замин картошка кишт намуда, 5545 тонна ҳосил ба даст оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Исфара дидан намуданд.  

Дар намоиш аҳли заҳмати шаҳр анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро, ки дар заминҳои ҳосилхези дар ихтиёрдошта кишту парвариш мекунанд, муаррифӣ карданд.

Кишоварзони шаҳри Исфара дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам сармашқи кор қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили фаровон дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Дар шаҳри Исфара 13 ҳазору 538 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи тухмиҳои серҳосили зироат ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Дар намоиш беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, ғалладонагию лубиёӣ ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашони Исфара иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 хоҷагидорони шаҳр дар ҳаҷми беш аз 253 миллиону 88 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2019-ум 11,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ ҳунари занону кадбонувони шаҳр дар самти пӯхтани анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ муаррифӣ гардид.

Соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Исфара 11 ҳазору 435 тонна ғалладона, 27 ҳазору 20 тонна картошка, 45 ҳазору 598 тонна сабзавот ва 24 ҳазору 195 тонна мева истеҳсол карда шудааст.

Исфара дар истеҳсоли зардолу на танҳо дар миқёси мамлакат, балки минтақа шуҳрати зиёд дошта, боғдорон ҳамасола майдони ин навъи меваи болаззату содиротиро бештар менамоянд ва дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил мегарданд.

Майдони боғҳо дар шаҳри Исфара 13 ҳазору 300 гектарро дар бар мегирад, ки 11 ҳазор гектарашро зардолу ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши анвои гуногуни зардолуи хушки боғпарварон, таҷрибаи хоҷагидорони шаҳри Исфараро дар самти истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ва содиротӣ намуна арзёбӣ карда, ҷиҳати боз ҳам истифода аз имконоти мавҷуда, роҳандозии усулҳои муосири бандубасти он ва боло бурдани иқтидори содиротӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ба рушди ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дар шаҳри Исфара таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Ҳунармандони шаҳр дар доираи солҳои 2019-2021, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” талош мекунанд, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат дар зинда нигоҳ доштани ҳунарҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ ба ҳунармандон маслиҳатҳои судманд доданд.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту ғалладонагиҳо ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар шаҳри Исфара ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, хоҷагидорон барои боз ҳам истифода аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамаҷониба талош меварзанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520