Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

09.04.2021 13:37, шаҳри Исфара
Ифтитоҳи бинои Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара  09.04.2021

9 апрел дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бино аз таҳхона ва се ошëна иборат буда, дорои утоқҳои корӣ, хобгоҳ барои 200 нафар, утоқи тиббӣ, толори маҷлис ва китобхона мебошад.

Дар ошëнаи якуми бино, ки асосан қисми навбатдорию утоқҳои корӣ ҷой доранд, шароити мусоиди иҷрои ӯҳдадорӣ барои роҳбарият ва ҳайати шахсии шӯъба фароҳам оварда шудааст.

Хобгоҳҳо барои ҳайати шахсии шӯъба дорои рахтҳои хоб, ҷевон ва дигар ҷиҳози зарурӣ мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар китобхонаи иншоот 4 ҳазор нусха адабиëти илмии соҳавӣ ва бадеӣ мавҷуд аст. Китобхона дорои толори хониш низ ҳаст ва барои кормандон шароити хуби мутолиа фароҳам мебошад.

Маҷлисгоҳ ва синфхонаи таълимии иншоот барои 100 нафар пешбинӣ шуда, дар он лавҳаю овезаҳои дастурамали кормандони сохторҳои қудратӣ, инчунин технологияи ҷадид барои гузаронидани ҷаласаҳои корӣ ва дарс васлу насб карда шудааст.

Дар таҳхонаи бино толори тамрин ва обу тоби бадан ташкил карда шудааст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон доранд бо истифода аз таҷҳизоти замонавии варзишӣ малакаи хешро тақвият бахшанд.

Ҳудуди иншоот бо камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад. Барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор бино бо таҷҳизоти худкори огоҳикунанда ҷиҳозонида шуда, бо ҳамин мақсад дар саҳни ҳавлӣ ҳавзи об бунëд гардидааст.

Ошхона барои 100 нафар дар бинои алоҳида ташкил гардида, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурии хӯрокпазию хизматрасонӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин бино ҳамчунин утоқи алоҳидаи нонпазӣ ва анборхона бо яхдони замонавӣ барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷуд аст.

Дар атрофи бинову иншооти мавҷуда 100 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз шинонида шуда, ҳамчунин барои таъмини фароғати кормандон суҳбаткада ташкил гардидааст.

Иншоот бо фармоиши Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати сохтмони “Исфара” сохта шудааст.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо сифати баланд бунëд намудани иншоот ба сохтмончиëн баҳои баланд дода, ҳайати шахсии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳисси масъулият дар иҷрои садоқатмандонаи ӯҳдадории ҳарбӣ ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520