Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Линн Паско

24.09.2009 03:30, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуда, дар ҳошияи он бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Линн Паско мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

«Мо ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари худ, ки тавассути даҳ муассисаи махсус амалӣ мегардад, баҳои баланд медиҳем», гуфт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ба густариши ҳамкории судманд изҳори боварӣ намуд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир гардид. «Рушди энергетикаи обӣ дар Тоҷикистон дурнамои хубу судовар дорад, зеро талабот ба бар? дар минтақа рӯз аз рӯз меафзояд ва сармояи ба ин бахш гузошташуда метавонад дар мӯҳлатҳои наздик боз гардад», - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон бори дигар таъкид намуд: «Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минта?аро ба эътибор мегирад ва лоиҳаҳои мо ба ин манфиатҳо мухолифат надоранд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид иқдомоти навбатии Тоҷикистонро оид ба ташкил ва баргузории Конфронси байналмилалии об, ки бояд соли оянда дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад ва эълон кардани соли 2012 – ро чун Соли байналмилалии дипломатияи об дастгирӣ менамоянд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамкории сиёсиву амниятӣ сурат гирифт, аз ҷумла аз он, ки соли гузашта бори аввал намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати нерӯҳои сулҳофари Созмони Милали Муттаҳид шомил гашта, барои сулҳу амният дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон ҳиссагузорӣ намуданд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он анҷом дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520