Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Кӯдакистони “30-солагии Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд

10.04.2021 11:47, шаҳри Хуҷанд
Ба истифода додани Кӯдакистони “30-солагии Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд  10.04.2021

10 апрел дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони “30-солагии Истиқлол»-ро ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 1 га бунёд ва азнавсозӣ гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Кӯдакистони “30 - солагии Истиқлоли” шаҳри Хуҷанд дорои 14 гурӯҳ  буда, имкон дорад 400 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ 60 нафар мутахассисону мураббиён имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.

Кӯдакистони мазкур дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеъи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад.

Инчунин дар саҳни ҳавлии кӯдакистон 7 айвонча, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, ду ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст. Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, дар кӯдакистони замонавӣ, ба корҳои азнавсозӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии муосирро тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипсу миннатдорӣ намуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои тарбияи кӯдакон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва аз барнамудану омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.

Дар кӯдакистони "30-солагии Истиқлол" аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520