Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази нави хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд

10.04.2021 13:50, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи Маркази нави хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд   10.04.2021

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази муосири хизматрасониро ифтитоҳ карда, дар базмгоҳи наврӯзии сокинони маҳаллаи Мевағул иштирок карданд.

Сарвари давлатро сокинони шукргузори шаҳри Хуҷанд бо барномаи пурмуҳтавои идонаи наврӯзӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Саҳни ҳавлии маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд барои пазироии Пешвои муаззами миллат фазои идона дошт. Мардум барои хотирнишин гузаштани тадбирҳои фарҳангӣ дастархони пурнози наврӯзӣ ороста, дар як гӯша таомҳои миллӣ омода карданд. Бахши дигари чорабинии наврӯзӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии дастовези ҳунармандони чирадаст ва бозиҳои варзишӣ иборат буд.

Маркази нави хизматрасонӣ аз тарафи сокини ватандӯст Камолҷон Юсупов дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, аз чойхонаи миллӣ, нонбойхона, сартарошхона, дорухона, коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунарҳои миллӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.

Дар саҳни ҳавлии маҳалла барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим майдончаи муосири варзишӣ оид ба футбол бунёд шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ватанпарвари шаҳри Хуҷанд барои пазироии самимии роҳбари хеш, ҷонибдории амиқ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, онҳоро ба муносибати фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику муборакбод намуданд.

Мардуми заҳматкаш ва меҳмоннавози шаҳри Хуҷанд ҳамаи ин пешравию ободониҳоро аз баракати сулҳу ваҳдат, истиқлол ва аз шарофати вуҷуди мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Акнун бо бунёди маркази муосир ва майдончаҳои зебо барои тамошо, гашту гузор ва бозию дилхушии кӯдакону наврасон ва дигар сокинони маҳалла беҳтарин имкон ва шароити истироҳату фароғат фароҳам оварда шуд.

Бунёди чунин марказҳо ва таъмини шароитҳои муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин марказҳои хизматрасонӣ дар дигар маҳаллаҳо бунёд хоҳад шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520