Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориши муфассал аз натиҷаи сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

27.09.2009 10:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки ӯ дар мулоқоти сатҳи олӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар ҳошияи Иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гашт, оғоз ёфт.

Маросими ифтитоҳи он таҳти раёсати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун бо иштирок ва суханронии шумораи зиёди сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла роҳбарони аввали Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Фаронса ва дигар кишварҳои пешрафта, ки фаъолияти истеҳсолиашон аз ҳама зиёд ба тағйирёбии иқлими сайёра таъсири манфӣ мерасонад, баргузор гашт.

Нотиқони ҳамоиш кишварҳои ҷаҳонро ба кам кардани ҳаҷми партови газҳои гармӣ ба атмосфера ва пешгирӣ аз гармшавии босуръати иқлими сайёра даъват намуда, барои расидан ба ин ҳадаф таклифҳои гуногун ба миён гузоштанд. Аз ҷумла Сарвазири нави Япония Юкио Хатояма изҳор дошт, ки кишвари ӯ ҳаҷми партови газҳои гармиро ба атмосфера то соли 2020 нисбат ба соли 1990 20% коҳиш хоҳад дод.

Дар суханрониҳо ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гармӣ ба атмосфера бояд то соли 2020 то 20-30% ва то соли 2050 на камтар аз 50% кам карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мизи мудаввари ин ҳамоиши бузург суханронӣ намуда, бори дигар бо забони ноби тоҷикӣ таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба мушкилоти иқлимию экологии сайёра ва хусусан минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб кард. Дар суханронии ӯ шарҳи таъсири энергетика ба тағйирёбии иқлим мақоми марказӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид намуд, ки мутаассифона қариб 70% нерӯи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол шуда, боиси ба атмофера хориҷ гаштани миллионҳо тонна партовҳои газӣ мегардад.

Бо таассуф зикр гардид, ки имрӯз танҳо 10% иқтидори гидроэнергетикии минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, танҳо иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон (527 миллиард киловатт/соат) 3 баробар аз эҳтиёҷоти имрӯзаи минтақаи Осиёи Марказӣ зиёд аст. Таъкид гардид, ки «азхуднамоии иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон натанҳо боиси кам шудани партови газҳо ба атмосфера мешавад, балки имкон медиҳад, ки нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол шавад». «Ин кор дар навбати худ, ба мо барои дастрасии «кредити карбонӣ» тибқи Протоколи Киото имкон фароҳам меорад», изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хотиррасон бояд кард, ки муҳлати амали Протоколи Киото соли 2012 ба поён мерасад ва бар ивази он бояд моҳи декабри соли равон дар Конфронси байналмилалии Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим созишномаи нав ба имзо бирасад ва ҳамоиши сатҳи олии Ню-Йорк, асосан омодагӣ ба ҳамин конфрос арзёбӣ мегардад.

Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуда, дар ҳошияи он бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Линн Паско мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

«Мо ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари худ, ки тавассути даҳ муассисаи махсус амалӣ мегардад, баҳои баланд медиҳем», гуфт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ба густариши ҳамкории судманд изҳори боварӣ намуд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир гардид. «Рушди энергетикаи обӣ дар Тоҷикистон дурнамои хубу судовар дорад, зеро талабот ба бар? дар минтақа рӯз аз рӯз меафзояд ва сармояи ба ин бахш гузошташуда метавонад дар мӯҳлатҳои наздик боз гардад», - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон бори дигар таъкид намуд: «Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минта?аро ба эътибор мегирад ва лоиҳаҳои мо ба ин манфиатҳо мухолифат надоранд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид иқдомоти навбатии Тоҷикистонро оид ба ташкил ва баргузории Конфронси байналмилалии об, ки бояд соли оянда дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад ва эълон кардани соли 2012 – ро чун Соли байналмилалии дипломатияи об дастгирӣ менамоянд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамкории сиёсиву амниятӣ сурат гирифт, аз ҷумла аз он, ки соли гузашта бори аввал намояндагони То?икистон ба ҳайати нерӯҳои сулҳофари Созмони Милали Муттаҳид шомил гашта, барои сулҳу амният дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон ҳиссагузорӣ намуданд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он анҷом дода шуд.

Рӯзи 23 – юми сентябр мубоҳисоти умумии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар кори он шумораи зиёди сарони давлатҳои бузурги ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Чин Фаронса, Британияи Кабир, Русия ва ғайра иштирок намуданд.

Баъди анҷоми қисмати ифтитоҳии он Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, барои суханронӣ ба минбари олии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват карда шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин 12-ум иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аст ва ҳар дафъа таклифу пешниҳодҳои муфиди ӯ мавриди дастгирию пуштибонӣ ва корбурд дар ҷаҳон қарор мегиранд.

«Соли оби тоза» эълон гаштани соли 2003, «10-солаи Амалиёти об барои ҳаёт» дониста шудани солҳои 2005-2015 ва ба мавзӯи «Об ва санитария» бахшида шудани иҷлосияи порсолаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид натиҷаи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Таклифу масъалагузориҳои имсолаи ӯ низ дар Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд ва дар амал татбиқ гаштани онҳо ба манфиати мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ ва мардумони кулли кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Хусусан пешниҳоду андешаҳои ӯ баҳри кам кардани партови газҳои гармӣ ба атмосфера, ҳифзи пиряхҳои азим, ки сарчашмаи асосии об ва ҳаёт дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, аз обшавии босуръат аз ҷониби олимону коршиносон ва сиёсатмадорон ҳамовозии васеи байналмилалӣ пайдо мекунанд. Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мавриди истифодаи васеъ қарор додани иқтидори азими гидроэнергетикии минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ва тадриҷан кам намудани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ, ки сарчашмаи асосии партови газҳои гармӣ ба атмосфера дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, низ дастгирӣ меёбанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ҳамчунин як зумра мулоқотҳои судманд бо роҳбарон ва намояндагони воломақоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ бо Амири Давлати Қатар сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ бо ҳамфикрии том муносибатҳои байни худро бародарона арзёбӣ намуда, хислати дарозмӯҳлати шарикӣ гирифтани муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ оид ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ, ки миёни ду кишвар дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон барои такон додани робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ гузаронда шавад.

Сарони ду давлат аз оғози ҳамкории мушаххас оид ба бунёди як масҷиди бузург, мактаби замонавӣ, меҳмонхона ва биноҳои истиқоматӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир дар Тоҷикистон, ки бо сармоягузории ширкатҳои қатарӣ бояд амалӣ шавад, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон фаъолгардонии хатти мустақими ҳавоии миёни ду кишварро зарур шумурданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, туризм, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, фаъолияти бонкиву суғуртавӣ низ дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид.

Сарони ду давлат оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ низ мубодилаи афкор анҷом доданд. Нақшаи соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузоршавии ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ин созмон, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ бори аввал сурат хоҳад гирифт, нишонаи эътирофи баланди Тоҷикистон ва нақши муассири он дар минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ карда шуд.

Дар вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани санадҳои қаблан имзошуда гуфтугӯ сурат гирифт.

Масоили ҳамкорӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва гардиши озоди шаҳрвандон ва молу хизматрасонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҳамчунин оид ба масоили байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеи ду давлат дар ҳалли мушкилоти глобалӣ гуфтӯйи судманд анҷом дода, омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар таъкид намуданд.

Зимни сӯҳбат бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Барои Тоҷикистон рушди равобити гуногунҷанба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико авлавияти сиёсати хориҷиро ташкил медиҳад ва мо ба густариши бемайлони ин равобит ва васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо ҳавасманд ҳастем», изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳиллари Клинтон ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоёни кишвари мо дар мусоидат ба эътидолу субот дар Афғонистон арзи сипос намуд.

Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории сиёсӣ ва низомию амниятии Тоҷикистону Амрико, дар маҷмӯъ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба манзури дар сафи пеши мубориза бо хатари паҳншавии терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доштанаш бояд аз кӯмакҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла давлати Амрико бархӯрдор бошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон оид ба имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла баҳри мавриди истифода қарор додани иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, бунёди бозори минтақавии нерӯи барқ, рушди нақлиёту коммуникатсия дар минтақа ва мусоидати фаъол ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.

Дар вохӯрӣ бо Маъмури Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Алонсо Фулгам Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассисаи бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз соли 1992 ин ҷониб бо кишвари мо ҳамкории судманд дорад, барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва кӯмакҳои зиёди башардӯстонааш арзи сипос намуда, ҳамзамон рушди ҳамкориро дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ва бартарфсозии мушкилоти сунъии минтақаи Осиёи Марказӣ амри зарурӣ номид.

Алонсо Фулгам ба ислоҳоте, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтарнамоии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар мамлакат амалӣ мегардад, баҳои баланд дода, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ба 10 – гонаи беҳтарин кишварҳои ислоҳотталаб ворид шудани Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Ӯ ҳамчунин ба тадбирҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ баҳои баланд дод.

Алонсо Фулгам изҳор дошт, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ омода аст, ба татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд, аз ҷумла баҳри мавриди истифода қарор додани иқтидори гидроэнергетикии он ва баҳри бунёди бозори нерӯи барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ.

Алонсо Фулгам ҳамчунин изҳор дошт, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ҳамкориро бо Тоҷикистон баҳри маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, обтаъминкунӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, идомаи демократикунонии ҷомеа ва ғайра давом хоҳад дод.

Дар бинои Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Аф?онистон ва Покистон Ричард Холбрукро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико оид ба Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон «таҳкими пояҳои иҷтимоии ҳукумати кишвар ва эҳтироми манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳо ва ҷунбишҳои сиёсии он бисёр муҳим аст».


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз шиддат гирифтани вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ин кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки «дар Афғонистон бояд артиш ва хусусан полиси во?еан қобили амал ташкил ёбад, то тадри?ан тавонанд масъулияти амнияти кишварро ба ӯҳдаи худ бигиранд».

«Ҳамчунин ба эҳёи иқтисодии кишвар бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, то мардуми Ағонистон ба рӯзгори ободи бе?анг ва бидуни маводи мухаддир боварӣ пайдо намоянд», афзуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва изҳор дошт, ки «Тоҷикистон омода аст чун кишвари ҳаммарз ва ҳамзабони мардуми Афғонистон дар барқарорсозии иқтисодиёти он саҳми намоёни худро гузорад».

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Нимаи дуюми рӯзи 23 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз суханронӣ дар мубоҳисоти умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Аҳмад Алӣ Абул Ғейтро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Барои ин фаъол намудани Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Оид ба омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалии бузургдошти Имоми Аъзам ва ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ, ки яке моҳи октябри соли равон ва дигаре соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Аҳмад Алӣ Абул Ғейт зиндагии ибратомӯз ва осори гаронмояи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзамро «саҳми намоёни мардуми тоҷик дар рушду нумӯи афкори илмӣ ва фарҳанги исломӣ» арзёбӣ намуда, ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба бузургдошти ин нобиғаи фиқҳи исломӣ баҳои баланд дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Дар шаҳри Ню- Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин олими шинохтаи тоҷик Акбар Турсун ва як гурӯҳ ҳамватанони муқими Амрикоро ба ҳузур пазируфт.

Дар сӯҳбат бо олими намоёни тоҷик Акбар Турсун, ки чандин сол боз дар Амрико кору зиндагӣ дорад, оид ба рушди имрӯза ва дурнамои илму фарҳанг дар Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи арзишҳои олии тамаддуни тоҷикон дар ҷаҳон гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба ҳамкории бештар бо олимони дигари тоҷик ва иштироки фаъол дар ҳамоишҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳое, ки бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда мешаванд, даъват намуд.

Акбар Турсун аз шунидани суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва лафзи ширини тоҷикӣ аз минбари олии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳори сарфарозӣ намуда, Сарвари давлатро бо комёбиҳои намоён дар татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва шиносондани шоистаи Тоҷикистон ба ҷаҳониён табрику таҳният гуфт.

Акбар Турсун ҳамчунин изҳор дошт, ки таассуроти неки имрӯз бардоштааш ба ӯ нерӯю тавони тоза ва илҳоми бештари эҷодӣ хоҳад бахшид.

Ҳамин гуна сӯҳбати озоду ошкоро ва самимию дилнишин ҳамчунин миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳ ҳамватанони мо, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, сурат гирифт.

Хотиррасон бояд намуд, ки ҳамаи онҳо ва олими маъруфи тоҷик Акбар Турсун ҳамагӣ беш аз 50 нафар ҳамватанони мо зимни суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба толори Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват шуда буданд.

Онҳо аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, ки бо забони ноби тоҷикӣ сурат гирифт ва аз андешаю пешниҳодҳои дастгириёфтаи ӯ изҳори хушнудию сарфарозӣ намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони муқими Амрико оид ба таҳкими робитаҳо миёни онҳо ва Тоҷикистон ва намояндагии шоиста аз Ватани азизи худ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Рӯзи 26- уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бозгашт аз шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Мушовири давлатии Подшоҳи Арабистони Саудӣ доктор Мансур Солеҳ ал-Қунайзонро ба ҳузур пазируфт.

Доктор Мансур салому паёми самимии Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз оли Саудро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, омодагӣ ва ҳавасмандии роҳбарияти давлати худро ба таҳкиму густариши равобити судманд бо Тоҷикистон таъкид намуд.

Зимни вохӯрӣ оид ба ҷанабаҳои гуногуни робитаҳои дуҷониба ва муносибатҳои ду кишвар дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, хусусан дар олами ислом ва минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки Арабистони Саудӣ ба ҳайси яке аз бузургтарин давлатҳои исломӣ бояд дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва таҳаввулоту хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир давлатҳои рӯ инкишофи мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро мавриди кӯмаку дастгирии бештар қарор диҳад.

Ин мулоқот қадами намоёни навбатӣ дар роҳи густариши минбаъдаи муносиботи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ арзёбӣ гардид.
Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими шиносонии лоиҳаи як масҷиди бузург, ки сохтмонаш моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, иштирок намуд.

Зикр гардид, ки масҷиди мазкур бо маблағгузории Амири Давлати Қатар аз ҷониби ширкати сохтмонии Аднан Сафаринии Амороти Муттаҳидаи Араб дар муддати 5 соли оянда бунёд хоҳад ёфт. Мутобиқи лоиҳа дар дохил ва долонҳою атрофи масҷид дар як вақт то 150 ҳазор нафар метавонанд намоз хонанд. Танҳо дар толори асосии намозхонӣ барои 50 ҳазор нафар ҷой омода хоҳад шуд.

Ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд. Атрофи масҷид бо манораи боҳашамат, 7 сутуни зебои мунаққашу мусаввар, ки рамзи ҳафт қабати замину осмон ва ҳафт дарвозаи биҳиштанд, кӯл ва фаввораҳои зиёд, ки аз кишвари обҳои софу зулол будани Тоҷикистон башорат медиҳанд ва бисёр унсурҳои дигари ороишию фарҳангӣ оро дода мешавад.

Замини зери бино шакли харитаи Тоҷикистонро бо худ таҷассум хоҳад кард, ки яке аз пешниҳодҳо ва талабҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз меъморону тарроҳони лоиҳа аст.

Ҳамчунин қобили таъкид аст, ки бо пешниҳоду маслиҳатҳои мушаххаси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, аз ҷумла дар тарҳи умумии биноҳо, манораи олӣ, нақшу нигори деворҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи масҷиди мазкур ҳамчунин як донишгоҳи бузурги исломӣ бунёд хоҳад ёфт.

Умуман ин на танҳо як масҷид балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда шаванд, аз ҷумла саммитҳои сарони давлатҳо.

Умуман сафари кори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва боздиди кӯтоҳаш аз шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо натиҷаҳои намоёну муассир барои ҳифзи шоистаи манфиатҳои олии давлату миллати тоҷик ва таҳкиму густариши муносибатҳои судманди ҳамкорӣ дар минтақа ва ҷаҳон ба поён расид.

Ду суханронии пурмӯҳтавои дар Созмони Милали Муттаҳид, ки саршор аз андешаю пешниҳодоти муфид барои кулли кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам ба манфиати ҳалли мушкилоти глобалии сайёра буд ва мулоқотҳои сершумори дуҷонибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои асосӣ ва самараҳои судбахши ин сафар арзёбӣ мегарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520