Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

13.05.2021 12:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти некӯаҳволӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ унвонии мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо изҳори қаноатманди раванди рушди босуръати муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиғаи шарикии стратегӣ таъкид карданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам ғанитар гардидани онҳо бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, ки баргузориашон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, изҳори итминон намуданд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520