Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.08.2007 19:00, Озарбойҷон

Рўзҳои 13-14 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор дошт.

Дар фурўдгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиеви шаҳри Боку Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизода ва дигар шахсони расмӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фурўдгоҳи шаҳри Боку бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар ва навиштаҷоти дуруду марҳабо оро ёфта, низомиёни горди фахрии Озарбойҷон саф кишида буданд.

Аз ин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо эскорди расмӣ ва роҳбаладии қатори мотосиклҳо ҷониби қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Боку равон шуд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қасри Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев пешвоз гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод ва ба ифтихори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд.

Баъд аз он роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев аз назди қатори горди фахрӣ гузашт карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Ра?мон ҷониби Парчами давлатии Озарбойҷон эҳтиром ба ҷо оварда, ба сарбозони горди ифтихорӣ арзи салому дуруд кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.

Дар ошёнаи аввали қасри Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев расми хотиравӣ гирифтанд.

Сипас мулоқоти хоссаи як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор гашт.

Дар мулоқот маҷмўи васеи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон аз ҷумла татбиқи амалии санадҳое, ки дар Душанбе зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон ба имзо расида буданд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Муҳокимаи муфассали масоили ҳамкории ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчўби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар мулоқоти Сарони ду давлат бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Озарбойҷон идома ёфт.

Ҷонибҳо аз ривоҷ ёфтани робитаҳои гуногунпояи ду кишвар баъд аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон ҷараён гирифта буд, изҳори қаноатмандӣ карда, ибрози боварӣ намуданд, ки сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ба густариши ҳамкориҳои судманди ҳарду давлат такони тоза мебахшад.

Зимни гуфтушуниди расмӣ ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, истеҳсол ва коркарди пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ, илму техника ва амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таваҷҷўҳ зоҳир карда шуд.

Ҷониби Озарбойҷон ба ҳамкории иқтисодию инвеститсионӣ аз ҷумла иштирок дар сармоягузории лоиҳаҳои сердаромади Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, туризм, истихроҷи газу нафт ва сангҳою металҳои қиматбаҳо мароқ зоҳир намуд.

Ҳарду ҷониб ба фаъол гаштани Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба хамкории иқтисодӣ умеди зиёд мебанданд.

Зимни мулоқот Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки лоиҳаҳои ҷиддии ҳамкории иқтисодӣ таҳия намоянд, то ки дар ояндаи наздик имкони аз сухан ба амал гузаштан фароҳам ояд.

Ҳамкориҳои илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ самти матлуби муносибатҳои минбаъда арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин ба авзои минтақа ва ҷаҳон дахл карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қазияи қаробоғи Куҳӣ ва вазъияти сиёсии атрофи ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт: «Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари ҳамаи вазнинию даҳшатҳои ҷангро аз сар гузаронда ҳамеша ҷонибдори ҳалли сулҳомез ва сиёсию дипломатии ҳама муқовиматҳо аст». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқотҳои умедбахше, ки байни тарафҳои Озарбойҷону Арманистон ва Эрону Амрико изҳори қаноатмандӣ карда, бо боварӣ иброз дошт, ки бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ҳамаи мушкилоти ҷойдоштаи онҳо метавонад ҳаллу фасл гарданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Ҳумҳурии Исломии Афғонистон ва ҳамгироиҳои муштарак бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар карда шуд.

Баъди анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гашт, ки зимни он 9 санади муҳим ба имзо расид.

Зери Созишнома байни Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омор Раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон Мерганд Шабозов ва Раиси Кумитаи омори Озарбойҷон Ариф Велиев имзо гузоштанд;

Созишномаи умумӣ байни Ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон «Талко» ва ширкати алюминийи Озарбойҷон «DETAL METAL DMCC» дар бораи барномаи ҳамкории бисёрҷанба аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савлои Тоҷикистон ғуломҷон Бобозода ва Раиси Кумитаи идораи амволи давлатии Озарбойҷон Карамбой ҳасанов ба имзо расид;

Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳамкориро Вазири адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамадёров имзо намуданд;

Ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва Президенти Академияи илмҳои Озарбойҷон Маҳмуд Керимов имзо гузоштанд;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа аз ҷониби Вазири нақлиёт ва комуникатсияи Тоҷикистон Абдураҳими Ашўр ва Вазири алоқа ва технологияҳои иттилоотии Озарбойҷон Алӣ Аббосов ба имзо расид;

Ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири маорифи Озарбойҷон Мисир Мардонов имзо гузоштанд;

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамадёров имзо намуданд;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи савдои озод аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ғуломчон Бобозода ва Вазири рушди иқтисоди Озарбойҷон ҳейдар Бобоев ба имзо расид;

Дар охир зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев имзо гузоштанд.

Баъди ба анҷом расидани маросими имзои санадҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барои намояндагони воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ оростанд.

Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду кишвар аз ҷараёни гуфтушунидҳои пурмаҳсул ва имзои санадҳои муҳимми ҳамкорӣ, ки барои таҳкиму густариши минбаъдаи равобити барои ҳарду ҷониб манфиатбахш роҳи васеъ мекушоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон заминаи ҳуқуқие қарордодие, ки имрўз байни ду кишвар омода гашт, метавонад ҳаҷми солонаи мубодилаи молро байни онҳо то ба 500 миллион доллар расонад, ки ин дастоварди хеле калон аст.

Илҳом Алиев изҳор дошт, ки сармоягузорони Озарбойҷон азм доранд, дар омўзиши конҳои газу нафти Тоҷикистон, истихроҷи коркарди он ва дар дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвари мо иштироки фаъол дошта бошанд.

Сарони ду давлат мужда расонданд, ки дар доираи робитаҳои фарҳангӣ худи ҳамин сол рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва рўзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон доир мегардад.

Онҳо ҷонибдории устувори худро аз ҳалли сиёсию дипломатии қазияи қаробоғи Кўҳӣ ва вазъияти атрофи Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар таъкид намуданд.

Сарварони Тоҷикистону Озарбойҷон Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ҳамчунин ба суолҳои хабарнигорон посух дода, омодагии қотеонаи худро баҳри ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб манфиатбахш таъкид доштанд.

Илҳом Алиев изҳори боварӣ намуд, ки ба наздики Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар воситаҳои ахбори умуми Озарбойҷон ва ҷаҳон васеъ инъикос мегардад, ки нишона аз таваҷҷўҳи хос ба ин сафар ва густариши муносибатҳои судбахши ду кишвар аст.

Нимаи дуюми рўзи 13 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ширкати коркарди моҳии Озарбойҷон «Каспиян фиш» дидан карда, бо шароити кории он аз наздик шинос шуд.

Зимни боздид зикр гардид, ки ин корхона бо равона намудани наздики 60 миллион доллари амрикоӣ соли 2001 дар майдони 15 гектар бунёд ёфтааст.

Маҳсулоти асосии он навъҳои гуногуни моҳии намакин ва хушкондашуда ва ҳамчунин тухми сиёҳи моҳӣ буда, асосан ба давлатҳои Аврупо содир карда мешавад.

Иктидори солонаи коркарди моҳӣ дар ин корхона 80 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар як сол аз ин корхона 6,5 тонна тахми моҳӣ содирот карда мешавад.

Дар корхона ҳамагӣ бештар аз 1000 нафар кор мекунад. Маоши миёнаи онҳо тақрибан 350 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Шоми ҳамон рўз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо ифтихори нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон зиёфати бошукўҳи расмӣ орост.

Масоили вобаста ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ ба таври муфассалу мушаххас субҳи рўзи 14 август дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизода баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҷониби мо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар тамоми шароити зарурӣ ва имтиёзиро муҳайё намудааст.

Артур Расизода изҳор дошт, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории байни ду кишвар, ки бо ҳусни таваҷҷўҳ ва эҳтирому самимияти байниҳамдигарии роҳбарони олии ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар Душанбе ва Боку гузошта шуд, барои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодию тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ роҳи васеъ кушодааст ва афзуд, ки ў аз ҷониби худ барои татбиқи амалии нақшаю санадҳои ҳамкорӣ саъю кўшиш хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мардуми ба мо дўсти Озарбойҷон ба оромгоҳи роҳбари умумимиллии ин кишвар шодравон ҳайдар Алиев ва ба гулгашти шаҳидони Озарбойҷон ташриф овард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди ин ду зиёратгоҳи муътабари Ҷумҳурии Озарбойҷон гулчанбар гузошта, ба арзишҳои миллии мардуми бародари ин кишвар арзи эҳтиром намуд.

Дар доираи барномаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот намуд.

Зимни сўҳбат зикр гардид, ки Тоҷикистону Озарбоҷон ҷонибдори устувори таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ буда, оид ба маҷмўи масоили байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳо дар доираи чунин созмонҳои бонуфуз ба мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муносибати ба ҳам наздик доранд.

Мусоҳибон аз мулоқотҳои мунтазами гурўҳҳои байнипарлумонии ду кишвар ва натиҷаи ҳамкориҳои ду ҷониба ва бисёрҷонибаи онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

ҷонибҳо нақши парламентҳои ду кишварро дар таъмини заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳо муҳимму муассир ва мавриди омўзиш қарор додани таҷрибаи ҳамдигарро манфиатбахш арзёбӣ намуда, зарурати густариши робитаҳои бевоситаи байнипарлумонии дуҷониба ва бисёрҷонибаро таъкид намуданд.

Дар чаҳорчўби сафари расмии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз як қатор ёдгориҳои меъморию фарҳангии Озарбойҷон дар қисмати қадимаи шаҳри Боку шинос шуд. Зимни боздид аз Бокуи қадим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корвонсаро, осорхонаи қолинҳои дастбоф, қасри Мултан ва чойхонаи зеризаминии он ва аз Бурҷи дўшизагон дидан кард. Зикр гардид, ки таърихи аксари ин осори бостонӣ аз асри 12 мелодӣ ибтидо мегиранд.

Бо ҳамин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон анҷом ёфт.

Аз натиҷаҳои ин сафар бори дигар ёдовар шуда, бояд таъкид дошт, ки байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи истихроҷ ва коркарди газу нафт ва истеҳсолу додугирифти алюминий ҳамкориҳои мушаххаси амалӣ дар ояндаи наздик сурат мегиранд.

Тибқи Созишномаи умумие, ки байни ширкатҳои алюминийи ду кишвар ба имзо расид, «Талко» дар давоми панҷ соли оянда аз Озарбойҷон кокси нафтии баландсифат харида, ба «DETAL METAL DMCC» ва «Азалюминиюм» аноди хушсифат медиҳад. «Талко» корхонаи нави алюминиеро, ки дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон то соли 2009 бунёд меёбад, пурра бо анод таъмин менамояд. «Талко» ва «DETAL METAL DMCC» ба мувофиқа омаданд, ки истеҳсоли саноатии гилхоки Тоҷикистонро бо кўмаки технологии ҷониби Озарбойҷон ба роҳ монанд.

«Талко» иқтидори истеҳсолии худро зиёд намуда, имкон дорад, ки бисёр эҳтиёҷмандонро бо анод таъмин кунад. ҷониби Тоҷикистон тибқи ҳамин созишнома ҳамчунин «DETAL METAL DMCC»-ро бо содаи каостикӣ, ки дар корхонаи электорхимиявии Ёвон истеҳсол мешавад, таъмин мекунад. Ин кор имкон медиҳад, ки ҳолати молиявию техникии ин корхонаи азими Тоҷикистон васеъ гардад.

Хулласи калом ин танҳо шумораи ками ҳамкориҳои байни ин корхонаҳо аст, дурнамои умедбахш доранд.

Баъди анҷоми бобарори сафари расмии худ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рўзи 14 август аз Боку ба Душанбе омад.

Дар ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Абдураҳими Ашўр, Вазири адлия Бахтиёр Худоёров, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, Раиси Кумитаи давлатии омор Мирганд Шабозов ва дигар шахсони дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520