Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон

15.03.2007 20:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Тоҷикистону Озарбойҷон дорои умумиятҳои зиёд, анъанаҳои бостонии дӯстӣ ва эҳтироми байниҳамдигарӣ мебошанд.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро, ки бори нахуст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов истиқбол гирифт.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар худи ҳамон ҷо дар фазои тантанавӣ баргузор гашт.

Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом дар фурӯдгоҳи пойтахт парчамҳои давлатии Тоҷикистону Озарбойҷон афрохта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ҳарду кишвар сарварони Тоҷикистону Озарбойҷон Эмомалӣ Раҳмонов ва Илҳом Алиев аз назди ҷузъҳои горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт карданд. Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ Сарварони ду давлат Эмомалӣ Раҳмонов Илҳом Алиев ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.

Дар оғози сафари расмии худ ба Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва ҳайати расмии ин кишвар ба хотири гиромидошти таъриху фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати бузурги Сомониён - Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Худи ҳамин рӯз мулоқотҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор гашт. Маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.

"Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо бо Озарбойҷон манфиатдор аст ва мо барои таҳкиму тавсиаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз ҳама имконоти мавҷуда истифода хоҳем кард", изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов.

Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Онҳо дар соли гузашта ба зиёда аз 140 миллион доллари амрикоӣ расидани ҳаҷми мубодилаи молро байни ду кишвар фоли нек аз такон ёфтани ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва савдо маънидод карда, изҳори боварӣ намуданд, ки нахустин сафари расмии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар марҳилаи сифатан нав оғоз мекунад.

Зимни музокироти пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкиму густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсати минтақавию байналмилалӣ, иқтисод ва савдо, энергетика, истеҳсол ва коркарди захираҳои зеризаминӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили амният дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Кавкази Ҷанубӣ ва авзои кунунии давлати Афғонистон табодули назар карда шуд.

Баъди анҷоми мулоқотҳо маросими имзои санадҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои дуҷониба баргузор гардид, ки зимни он 11 санади муҳим ба имзо расид.

1. Зери Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев имзо гузоштанд.

2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи омадурафти мутақобилаи бераводиди шаҳрвандонро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарипов ва Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамадёров имзо намуданд.

3.Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Шариф Раҳимов ва Вазири рушди иқтисодии Озарбойҷон Ҳайдар Бабаев ба имзо расид.

4. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ғуломҷон Бобоев ва Вазири рушди иқтисодии Озарбойҷон Ҳайдар Бабаев имзо намуданд.

5. Ба Созишнома байни ?укумати Ҷум?урии Тоҷикистон ва ?укумати Ҷум?урии Озарбойҷон доир ба робитаи байналмилалии автомобилӣ Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯров ва Вазири нақлиёти Озарбойҷон Зиё Мамедов имзо гузоштанд.

6. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар аз ҷониби Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асроров ва Вазири фарҳанг ва туризми Озарбойҷон Абулфаз Гараев ба имзо расид.

7. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукиро Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Гурез Зарипов ва Раиси Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон Айдин Алиев имзо намуданд.

8. Ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва Вазири фарҳанг ва туризми Озарбойҷон Абулфаз Гараев имзо гузоштанд.

9. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсия аз ҷониби Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон Давлатал? ?отамов ва Директори генералии Агентии давлатии стандартизатсия, метрология ва патентҳои Озарбойҷон Рамиз Ҳасанов ба имзо расид.

10. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳанро Раиси Корхонаи давлатии воҳидии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Амонулло Ҳукумов ва Вазири нақлиёти Озарбойҷон Зиё Мамедов имзо намуданд.

11. Ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба алоқаи ҳавоӣ Директори генералии Корхонаи давлатии воҳидии ҳавопаймоии "ТоҷикЭйр" Ҳокимшо Тиллоев ва Директори генералии Концерни давлатии "АзАл" Ҷаҳонгир Аскеров имзо гузоштанд.

Дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони васоити ахбори умум, ки пас аз имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба имзо расидани Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва 10 санади дигари ҳуқуқию қарордодии ҳамкории ду кишварро натиҷаи пурарзиши рӯзи аввали сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишвари мо арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки имрӯз барои оғози марҳилаи сифат нави таҳкиму тавсиаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон асоси воқеӣ гузошта шуд.

Дар робита ба равандҳои имрӯзаи минтақаи Кавкази Ҷанубӣ Эмомалӣ Раҳмонов мавқеи давлати Тоҷикистонро чунин арзёбӣ намуд: "Тоҷикистон ба ҳайси ҷонибдори устувори ҳалли осоиштаи ҳамаи баҳсҳои байнидавлатӣ аз оғоз гаштани музокироти дуҷониба оид ба қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ изҳори хушнудӣ намуда, онро роҳи ягонаи таҳкими сулҳу субот дар ин минтақаи бисёр муҳимми ҷаҳон мешуморад.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев низ аз натиҷаҳои рӯзи аввали сафари расмии худ ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии давлати худро баҳри идомаи робитаҳои судбахши сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ бо Тоҷикистон таъкид намуд.

Илҳом Алиев ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҷониби Озарбойҷон барои рушди бештари ҳамкориҳо қарор кардааст, ки дар Тоҷикистон сафорати худро боз намояд.

Ӯ ҳамчунин аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов расман даъват намуд, ки ба Озарбойҷон сафари расмӣ анҷом диҳад.

Даъват аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Мӯҳлати сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ муайян хоҳад шуд.

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамчунин ба суолҳои хабарнигорон посух дода, дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории ду кишвар-ро васею умедбахш арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳарду ҷониб барои ҷалби сармояи Озарбойҷон ба лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Сарони давлатҳо изҳор доштанд, ки дар баробари рушди муносибатҳои дуҷониба онҳо робитаҳои сиёсии худро ба таври ҳамешагӣ барои ҳаллу фасли масоили минтақавию ҷаҳонӣ низ таҳким мебахшанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520