Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳо-иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

19.05.2021 11:40, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳо-иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)  19.05.2021

19 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва афзалиятҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор қарор гирифт.

Дар ин зимн, аз ҷумла ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, қайд карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мутобиқи афзалиятҳои муайяншуда, вазифаҳои раёсатро бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Созмон ба таври пурсамар иҷро карда истодааст.

Таъкид гардид, ки фаъолияти Созмон дар давраи гузашта ҳамаҷониба таҳлил карда шуда, бо дарназардошти Стратегияи рушди Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ то соли 2025 вазифаҳои афзалиятнок барои давраи оянда таҳия гарданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа, амалисозии барномаҳои Созмон оид ба таҳкими иқтидори ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муҳокима гардиданд.

Дар охири вохӯрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ комёбӣ орзу карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ҷаласаи имрӯзаи он барои расидан ба ҳадафҳои дарпешистода, пурсамар хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520