Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Миллии Озарбойҷон Октай Асадов

11.07.2012 19:30, Озарбойҷон

Бегоҳии имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиеви шаҳри Боку Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Яъқуб Аюбов ва дигар шахсони расмӣ бо меҳмоннавозии хоса истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамин рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Миллии (Парлумони) Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳҳои густариши робитаҳои миёни ду кишвари дӯст, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рушди муносиботи шарикӣ бо Озарбойҷонро аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид ва таъкид дошт, ки наздикии мавқеъҳои ду кишвар доир ба масоили мубрами ҷаҳони муосир заминаи мусоиди густариши робитаҳо мебошад.

Дар ин росто ба нақши мақомоти олии қонунбарори ду кишвар дар таҳким ва рушди муносиботи барои ҳарду ҷониб судбахш баҳои баланд дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520