Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими истиқболи расмӣ дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

02.06.2021 15:35, Покистон
Маросими истиқболи расмӣ дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон  02.06.2021

2 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи меҳмони олиқадр фурудгоҳи байналмилалӣ ва кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Исломобод бо парчамҳои ду кишвар, аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир ва Президенти Покистон Имрон Хон ва Ориф Алвӣ, инчунин шиору овезаҳои ифодакунандаи дӯстии мардумони ду давлат оро ёфтааст.  

Ба ифтихори сафари расмӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон қароргоҳи Сарвазири ин кишвар низ бо шукӯҳи хоса омода гардидааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвари мизбон муҳтарам Имрон Хон гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ оғоз ёфта, бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом  аз назди сафи горди фахрӣ, арзи салом ба сарбозон ва эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ҷараён гирифт.

Дар поёни маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.

Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ниҳоли дӯстӣ шинонданд.

Ҷойи таъкид аст, ки ҷараёни маросими истиқболи расмӣ тавассути бисёр шабакаҳои телевизионии Покистон ба таври мустақим намоиш дода шуд.

Ҳамчунин хотиррасон бояд намуд, ки рафти омодагӣ ба ин сафар ва ҷараёни он дар воситаҳои ахбори оммаи Покистон хеле васеъ инъикос меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520