Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

12.07.2012 11:00, Озарбойҷон

Субҳи имрӯз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо эскорди расмӣ ва роҳбаладии қатори мотосиклҳо ба қасри Зугулба ташриф овард.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди ҳамин қасри муҳташам баргузор гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев пешвоз гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо сафкашии горди фахрӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи салом ба онҳо ва изҳори эҳтиром ба парчами давлатии Озарбойҷон ва ҳамчунин шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ва сипас зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.

Сарони ду давлат аз робитаҳои мунтазами мавҷуда ва рушди муносиботи судбахш изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки барои мавриди баҳрабардории васеъ қарор додани имконоти фарохи истифоданашуда ҷаҳду талош бояд кард.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки захираҳои фаровони башарӣ ва табиии Тоҷикистон ва имконоти фарохи сармоягузории Озарбойҷон метавонанд заминаи рушди бесобиқаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолии ду кишвар гарданд.

Илҳом Алиев ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда, ба зердастони худ дастур дод, ки доир ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ва кам кардани тарифҳои роҳи оҳани Озарбойҷон баҳри афзун намудани ҳаҷми боркашонии мутақобила тадбирҳои фаврӣ биандешанд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва ҳамгироии муштараки ду кишвар сурат гирифт.

Баъди анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

- Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;

- Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба эътироф ва баробарарзишии мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ;

- Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш;

- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Озарбойҷон;

- Шартнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Донишгохи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Боку;

- Барномаи ҳамкории иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2013-2015;

- Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Озарбойҷон;

- Ёддошти тафоҳум доир ба рушди ҳамкорӣ миёни КВД Ширкати алюминийи тоҷик (Талко) ва корхонаи алюминийи Озарбойҷон Азералюминий;

- Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҷониби сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ба имзо расид.

Сипас сарони ду давлат ҳамдигарро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев сарфароз гардонда шуд.

Ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 тақдим гардид.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барои намояндагони воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон ва 10 санади нави имзошуда, аз ҷумла барномаи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ ба густариши робитаҳои судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520