Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор корхонаҳои саноатии Озарбойҷон дидан кард

13.07.2012 11:00, Озарбойҷон

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор корхонаҳои саноатии Озарбойҷон дидан карда, доир ба ташкили ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвари мо суҳбатҳои судбахш анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ – Азгунтек ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, корхонаи мазкур дар доираи татбиқи барномаи давлатии истифода аз манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2020 бунёд ёфта, фаъолияти ибратбахш дорад. Дар он панелҳо ва дигар ҷузъҳои зарурӣ барои нерӯгоҳҳои офтобию бодӣ истеҳсол мешавад. Тавре зикр гардид, истеҳсоли саноатии чунин маҳсулот ва ба роҳ мондани истифодаи васеи он мутобиқ ба талаботи «иқтисоди сабз» ё худ пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист мебошад.

Зимни боздид аз Технопарки Сумгаит (STP) аён гардид, ки дар он таҷҳизоти гуногун ва қисмҳои эҳтиётии зеристгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла ноқилҳои мухталиф, изолятор, панелҳои офтобӣ, шабакаҳои гармидиҳии офтобӣ, симҳои луч ва кабелҳои барқии пастшиддату баландшиддат барои истифода дар саноат ва рӯзгор истеҳсол мешавад. Тавре зикр гардид, ноқилҳои барқӣ аз алюминий ва мис истеҳсол шуда, барои он дар як сол то 50 ҳазор тонна алюминий истифода мешавад.

Корхонаи Гринтек (Greentech) бошад, аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ бунёд ёфтааст. Онҳо дар майдони 10 гектар истеҳсоли помидор ва дигар сабзавотро дар гармхонаҳо ба роҳ монда, ҳар сол то 6 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол мекунанд. Чунонки зикр гардид, давоми сол танҳо 1,5 моҳ барои коркард ва омодасозии замин сарф мешавад ва тӯли 10,5 моҳи дигар аз ин гармхонаҳо ҳосил мегиранд. Қисмати зиёди маҳсулот бо нархи гарон ба кишварҳои аврупоӣ содир карда мешавад.

Зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорони ин корхона ба ташкили чунин кор дар Тоҷикистон, ки обу хок ва табиати мусоид дорад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку, ҳамчунин Директори генералии ширкати амрикоии Сокар Фостер Вилер (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо ТРИВЕЛЛА-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ширкати мазкур омода аст, имконсанҷии техникӣ ва иқтисодии бунёди як корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистонро анҷом диҳад. Интизор меравад, ки ин корхона бо сармоягузорӣ ва иштироки якҷояи Тоҷикистону Озарбойҷон бунёд ёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520